МАВҶБАР, канали ҳудудҳояш аниқ, ки аз он мавҷ мегузарад. Ҳамчун Мавҷбар барои мавҷҳои садо гулба, мила ё сим; барои мавҷҳои электромагнитии баландбасомад гулбаи металлии буриши кундалангиаш гуногун ё милаҳои диэлектрӣ, барои рӯшноӣ найчаҳои цилиндрӣ ва конусӣ; барои мавҷҳои зилзила қабатҳои болоии Замин хизмат мекунанд.