Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МИРЗОМАҲМУДХОНИ ДАРВОЗӢ

nophoto-man

МИРЗОМАҲМУДХОНИ ДАРВОЗӢ (соли таваллуд номаълум— вафот 1791/92), шоири тоҷик. Аслан аз Кобул. Дар Ҳиндустон таҳсили илм намуда, баъди таҳсил дар Дарвоз иқомат ихтиёр кардааст. Дар назди шоҳони Дарвоз ба касби дабирӣ машғул шудааст. Аксари хуҷҷатҳои расмии шоҳони асри 18 Дарвоз—Туркихон ва Исмоилхон бо қалами ӯ таҳрир шудаанд. Мирзомаҳмудхони Дарвозӣ хаттоти …

Муфассал »

МИРЗОМАЛИКИ МАШРИҚӢ

nophoto-man

МИРЗОМАЛИКИ МАШРИҚӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири охири асри 16 форс-тоҷик. Аз хонаводаи Акобирзода. Дар Машҳад таҳсил карда, аз бештари илмҳои маъмули замонаш баҳравар гардидааст. Хусусан, хатро некӯ менавишт. Мирзомалики Машриқӣ ба форсию туркӣ шеър гуфтааст, ки асоси нағамоти муғаниёни давр гардидаанд. Мирзомалики Машриқӣ дар ғазал, қасида, қитъа ва …

Муфассал »

МИРЗОИБРОҲИМИ ҚОНУНӢ

nophoto-man

МИРЗОИБРОҲИМИ ҚОНУНӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), мусиқидон ва навозандаи асрҳои 15—16 форс-тоҷик. Зодгоҳаш Ҳирот. Дар санъати хушнависӣ, ҷадвалкашӣ, лаввоҳӣ низ маҳорати баланд дошт. Дар навохтани конун Дар Мовароуннаҳру Хуросон шӯҳрати тамом ёфт. Дар сози қонун ихтирооти зиёде карда, чанд асар бо номи «Нақши Қонунӣ», «Пешрави Қонунӣ», «Савти Қонунӣ» тасниф …

Муфассал »

МИРЗОИБОД

nophoto-man

МИРЗОИБОД (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 19 тоҷик. Дар деҳаи Шидзи райони Рӯшон ба дуньё омада, айёми ҷавонӣ ва таҳсили ибтидоиашро дар зодгоҳаш гузаронидааст. Дар миёнаҳои умраш бо сабаби номаълуме ба Ҳиндустон сафар намуда, азобу ранҷи ғарибиро кашидааст. Девони нопурраи Мирзоибод аз 1040 байт иборат буда, соли 1895 …

Муфассал »

МИРЗОЗОДА Холиқ

nophoto-man

МИРЗОЗОДА Холиқ (таваллуд 11. 5, 191.1, деҳаи Равонаки Самарқанд), мунаққид ва адабиётшиноси советии тоҷик. Аз оилаи деҳқони камбағал. Аълочии маорифи халқ (1948), Муаллими Хизматнишондодаи Мактаби РСС Тоҷикистон (1958), Доктори илмҳои филологӣ (1968), профессор (1969). Aъзои КПСС аз соли 1946.           Пас аз хатми Университети Самарқанд (1935) ба Душанбе омада, ба сифати …

Муфассал »