Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МОЛГУЗАР

МОЛГУЗАР, кӯҳ шохаи ғарбии қаторакӯҳи Туркистон дар вилояти Ҷиззахи РСС Ӯзбекистон. Аз ағбаи Ғӯpалаш дар Ш. то водии Сангзор дар Ғ. ба масофаи 70 км тӯл кашидааст. Баландиаш то 2621 м. Молгузар аз оҳаксанг, регсангу варақсангҳо таркиб ёфтааст. Дар нишебиҳояш набототи нимбиёбонӣ ба даштӣ мерӯяд.

Муфассал »

МОЛАССҲО

mollasho

МОЛАССҲО (аз лот. mollis—-нарм), маҷмӯи ҷинсҳои кӯҳии таҳшинӣ, ки дар рельефи ӯҳӣ пайдо шудаанд ва аз табақаҳои ғафси (то якчанд ҳазор м.) ҷинсҳои террнгенӣ: конгломерат, регсанг, алевролит, гил, гоҳо мергел иборатанд. Азбаски давраи таҳшиншавии Молассҳо бо пайдоиши қаторакӯҳи ҳамшафати он дар як вақт ба вуқӯъ меояд, муайян кардани синни геологии …

Муфассал »

МОЛА

МОЛА, 1) олати хоҷагии қишлоқ; тахтаи дандонадорест, ки ба ҷуфти юн. асп ё трактор баста, замини рондашударо бо он ҳамвор ва кулӯхҳояшро суда мекунанд. Моларо аз чӯб, шох, оҳан ва ғ. месозанд. Ниг. низ Сихмола, Вал. 2) Лифи оҳардиҳии бофандагӣ.

Муфассал »

МОЛ

mol

МОЛ, маҳсули меҳнат, ки барои қонеъ гардондани талаботи инсон, фурӯш ё мубодила истеҳсол карда мешавад. Мол дар истеҳсолоти молӣ вуҷуд дошта, муносибатҳои истеҳсолии молистеҳсолкунандагонро инъикос мекунад. Дар шароити тақсими ҷамъиятии меҳнат ва мустақилияти истеҳсолкунандагон маҳсули меҳнат ба Молтабдил меёбад, ки ин боиси ба вуҷуд омадани молистеҳсолкунандагон мегардад. Дар формацияҳои токапиталистӣ …

Муфассал »

МОКША

moksha

МОКША, дарёест дар вилояти Пенза, РАСС Мордва ва вилояти Рязани РСФСР. Шохоби рости дарёи Ока. Тӯлаш 656 км, масоҳати ҳавзааш 51 ҳазор км3. Аз баландии Наздиволга ибтидо меёбад. Манбааш асосан барф. Ноябр ях бас­та, апрел яхаш об мешавад. Сарфи миёнаи об дар наздикиҳои резишгоҳ қариб 95 м3/сон. Шохоби асосиаш Цна …

Муфассал »