Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МОНОПОЛИЯ

monopolya

МОНОПОЛИЯ (аз моно… ва юн. poleo — мефурӯшам), ҳуқуқи фавқулодаи (монополии) давлат, ташкилот, фирма ва ғ. дар соҳаи муайни (мас., монополияи давлат дар соми савдои берунӣ).

Муфассал »

МОНОМЕТАЛЛИЗМ

monomentalizm

МОНОМЕТАЛЛИЗМ (аз моно… ва металл), системаи пулиест, ки дар он як металл вазифаи эквиваленти умумиро иҷро менамояд ва асоси муоиилоти пулӣ ба ҳисоб меравад. Монометаллизми мис, нуқра ва тилло мавҷуд буд. Монометаллизми мис дар Рим (асрҳои 3—2 пеш аз м.); нуқра дар Россия (1843—52), Голландия (1847—75), Ҳиндустон (1852—93); тилло дар …

Муфассал »

МОНОМЕРНО

monomerno

МОНОМЕРНО (аз моно… ва юн. nifiros-қисм), моддаҳои хурдмолекула, ки молекулаҳояшон қодиранд бо ҳамдигар ё молекулаҳои моддаҳои дигар пайваст шуда, дар ҷараёни полимеризация (реакцияҳое, ки дар натиҷаи онҳо аз ду ё якчанд молекулаи як модда як пайвасте, ки вазни молекулааш зиёд аст, вале таркибаш аз моддаи аввала фарқ намекунад, ҳосил мешавад) …

Муфассал »

МОНОЛОГ

monolog

МОНОЛОГ (аз моно… ва юн. 16-gos — сухан, нутқ), нутқи монологӣ, нутқи як шахс, як навъи нутқест, ки аз ҷиҳати сохту таркиб тамоман ё қариб ба нутқи ҳамсӯҳбат алоқа надорад ва бо ҳамин аз нутқи диалогӣ (Диалог) фарқ мекунад. Асосан дар суханрониҳои нотиқон, гуфторҳои радио ва телевизион, ҷараёни таълим (нутқи …

Муфассал »

МОНОГРАФИЯ

monografiya

МОНОГРАФИЯ (аз моно… ва графия), асари тадқиқотиест дар бораи як мавзӯи муайяни илмӣ, ҳаёт ва фаъолияти ин ё он олим ё нависанда. Дар Монография адабиёти доир ба масъалаи тадқиқшаванда таҳлилу ҷамъбаст шуда, ҳалли нави масъала, фаразияҳои таҳриккунандаи пешрафти илм гузориш меёбанд. Монография аксаран рӯйхати васеи адабиёт, тавзеҳоту мулҳақот ва ғ.-ро …

Муфассал »