Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МОНОМЕТАЛЛИЗМ

МОНОМЕТАЛЛИЗМ

monomentalizmМОНОМЕТАЛЛИЗМ (аз моно… ва металл), системаи пулиест, ки дар он як металл вазифаи эквиваленти умумиро иҷро менамояд ва асоси муоиилоти пулӣ ба ҳисоб меравад. Монометаллизми мис, нуқра ва тилло мавҷуд буд. Монометаллизми мис дар Рим (асрҳои 3—2 пеш аз м.); нуқра дар Россия (1843—52), Голландия (1847—75), Ҳиндустон (1852—93); тилло дар Британияи Кабир (охири асри 18), Европа (охири асри 19) ва дигар мамлакатҳо ҳукмрон буд.

Дар системаи Монометаллизм баробари сиккаҳои нуқра ва тиллоӣ, ки асоси муомилотро ташкил менамоянд, сиккаи дигар металлҳо низ буда метавонад. Мас., дар Монометаллизми тилло дар қатори сиккаҳои тиллоӣ сиккаҳои мис ва нуқрагӣ, банкнот ва пулҳои коғазӣ ҳам истифода мешаванд ва ҳамаи онҳо қурби бо тилло ивазшавӣ доранд. Бо инкишофи капитализм системаи пулӣ ба Монометаллизми тилло табдил ёфт. Ниг. низ Тилло, Стандарти тилло.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …