Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МОТЁЛ

motel

МОТЁЛ (англ.. motel, шакли мухтасари motorists hotel), меҳмонхонаест барои истироҳати автотуристҳо. Мотёл дар автомагистралҳо, дар наздикии шаҳрҳо, курортҳо, ҷойҳое, ки диққати сайёҳони мошиндорро ба худ ҷалб мекунад, сохта мешавад. Мотёл станцияҳои хизматрасонии техникии автомобил (бо колонкаҳои бензин, гаражҳо ё истгоҳҳои кушод) дорад.

Муфассал »

«МОСФИЛЬМ»

mosfilm

«МОСФИЛЬМ», калонтарин киностудияи фильмҳои бадеии Иттифоқи Советӣ, яке аз бузургтарин киностудияҳои ҷаҳон. Соли 1921 таъсис ёфта, солҳои 1929 — 30 номи «Союзкино»-ро гирифт, аз соли 1935 — «Мосфилм». Машҳуртарин фильмҳои истеҳсоли «Мосфилм»: «Шоми Петербург» (1934), «Мо аз Кронштадт» (1936), «Шаби охирин» (1937), «Ленин дар Октябрь» (1937), «Александр Невский» (1938), «Ленин …

Муфассал »

МОСКВИН

moskvin-piryakh

МОСКВИН, пиряхест дар қисми шарқии қаторкуҳи Пётри Якум (Помири Шимолу Ғарбӣ). Дар канори рости пиряхи Фортамбек, байни қуллаҳои Коммунизм ва Б. Корженевская воқеъ аст. Тӯлаш 6,6 км, масоҳати 46,9 км2. Пирях аз ду шоха — пиряхҳои Вальтер ва Траубе иборат аст. Ба ин ҷо бори аввал соли 1932 иштирокчиёни экспедицияи …

Муфассал »

МОСКВИН Иван Михайлович

moskvin

МОСКВИН Иван Михайлович (18. 6.1874, Москва —16. 2. 1946, ҳамон ҷо), актёри советии рус, Артисти Халқии СССР (1936). Солҳои 1893—96 дар шӯъбаи драмавии Омӯзишгоҳи мусиқӣ драмавии ҷамъиятӣ филармониявии Москва таҳсил намуда, баъди хатми он дар театри Ярославль ва Театри Корши Москва кор кардааст. Аз соли 1898 актёри Театри бадеии Москва …

Муфассал »

МОСКВА

МОСКВА, деҳаест дар С. қ. Деҳқонободи райони Қизиқул, вилояти Қӯрғонтеппа. Терр. совхози «Москва». Аз Москва то маркази С. қ. 3 км, то район 12 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 578 нафар (1981), тоҷикон, туркманҳо ва ӯзбекҳо. Мактаби миёна ва фермаи бурдоқипарварӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахтакорию чорводорӣ. Заминҳо аз д. …

Муфассал »