Маълумоти охирин

МОСКВА

МОСКВА, деҳаест дар С. қ. Деҳқонободи райони Қизиқул, вилояти Қӯрғонтеппа. Терр. совхози «Москва». Аз Москва то маркази С. қ. 3 км, то район 12 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 578 нафар (1981), тоҷикон, туркманҳо ва ӯзбекҳо. Мактаби миёна ва фермаи бурдоқипарварӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахтакорию чорводорӣ. Заминҳо аз д. Вахш обёрӣ мешаванд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …