Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МУАССИСАҲОИ БЕРУН АЗ МАКТАБ

МУАССИСАҲОИ БЕРУН АЗ МАКТАБ дар СССР, муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва дастурию методӣ оид ба корҳои берун аз мактаби бачагону наврасон буда, бо мактаб ва ташкилотҳои пионерию комсомолӣ алоқамандона кор мебаранд, масъалаҳои тарбияи коммунистии насли наврасро якҷоя ҷорӣ менамоянд. Муассисаҳо ду навъанд: навъи умумӣ ва, махсус. Муассисаҳои навъи умумӣ бо бачагону …

Муфассал »

МУАРРАБОТ

МУАРРАБОТ калимаҳои арабишуда), калимаҳои иқтибосии хориҷӣ дар таркиби луғавии забони адабии арабӣ. Процесси иқтибоси чунин калимаҳо дар забони арабӣ пеш аз ислом cap шуда, то имрӯз идома дорад. Қисми умдаи Муарработро калимаҳои форсӣ-тоҷикӣ ташкил дода, дар баробари он аз забонҳои юнонӣ, лотинӣ, англисӣ, франсавӣ, туркӣ, италиявӣ ва ғ. низ калимаҳои …

Муфассал »

МУАММОӢ Саидшариф

nophoto

МУАММОӢ Саидшариф (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири муаммогӯи асри 15 форс-тоҷик. То аввали асри 16 зиндагӣ кардааст. Дар муаммосозӣ ба дараҷаи устодӣ расида буд. Ӯ дар фаннии муамою якчанд китобу рисолаҳо аз қабили «Асрор-уш-Ша-риф», «Маҷмаъ-ул-қавоид», «Рисолаи Шариф» (манзума), «Тӯҳфат-уш-Шариф» ва «Иҳом-уш-Шариф» таълиф кардааст.  

Муфассал »

МУАММО

МУАММО (ар. — пӯшида), каломест, ки бо рамзу ишора аз рӯи қоидаи махсус номеро ифода мекунад. Ишоратҳои маълуму махсуси Муаммо инҳоянд: ҳаммаъно будани калима ба номе, ки ёфтанаш матлуб аст; ҳамшакл будани он калима бо он ном дар назари аввал, қатъи назар аз нуқта ва зеру забар (дар алифбои арабӣ); …

Муфассал »

МУАЛЛИМИ ХИЗМАТНИШОНДОДАИ МАКТАБИ РСС ТОҶИКИСТОН

МУАЛЛИМИ ХИЗМАТНИШОНДОДАИ МАКТАБИ РСС ТОҶИКИСТОН, унвони фахрӣ дар системаи маорифи халқӣ 28 апрели 1940 Президиуми Совети Олии РОС Тоҷикистон таъсис кардааст. Ба муаллимон ва роҳбарони мактабҳои ибтидоӣ, 8-сола, миёна, миёнаи махсус, омӯзишгоҳҳои педагогӣ, техникумҳо, мактабҳои олӣ, инчунин мудирони шӯъбаҳои маорифи халқ, кабинетҳои методӣ, методистон ва инспектороне, ки зиёда аз 10 …

Муфассал »