Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МАҶМӮЪ

machmu

МАҶМӮЪ, гурӯҳи объектҳои дилхоҳ, ки аз рӯи ин ё он хосияташон ҷамъ омадаанд. Маҷмӯъ яке аз мафҳумҳои асосии математика ва мантиқӣ. Тасвири графикии маҷмӯъҳо: а) В—зермаҷмӯи А(В с А); б) ҷамъи А ва В (A U В); в) зарб С буриши А ва В (А п В); г) фарқи А …

Муфассал »

МАҶМӮИ ҲИСОБӢ

МАҶМӮИ ҲИСОБӢ, маҷмӯи беинтиҳо, ки элементҳои онро бо ададҳои натуралӣ рақамгузорӣ кардан, яъне байни маҷмӯи мазкур ва маҷ­мӯи ададҳои натуралӣ мутобиқати якқиммата барқарор намудан мумкин аст. Г. Кантор исбот кард, ки маҷмӯи ҳамаи ададҳои рационалӣ ва ҳатто маҷмӯи ҳамаи ададҳои алгебравӣ ҳисобшаванда, вале маҷмӯи ҳамаи ададҳои ҳақиқӣ ҳисобнашавандаанд; ҳар гуна …

Муфассал »

МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ ҶАМЪИЯТӢ

mahsulot

МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ ҶАМЪИЯТӢ, ҷамъи неъматҳои моддӣ, ки дар давраи муайян (одатан дар як сол) истеҳсол карда мешаванд. Дар шароити ҳозираи революцияи илмию техникӣ соҳаҳои ғайринстеҳсолии хоҷагии халқ барои ба вуҷуд овардани Маҷмӯи маҳсулоти ҷамъиятӣ фаъолона таъсир мерасонанд. Маҷмӯи маҳсулоти ҷамъиятӣ шакли натуравӣ ва арзишӣ дорад. Шакли натуравӣ аз восита ва …

Муфассал »

МАҶМӮИ ЗИЧ

МАҶМӮИ ЗИЧ, мафҳуми назарияи маҷмӯъҳо. Агар дар атрофи нуқтаи дилхоҳи маҷмӯи Р нуқтаи маҷ­мӯи М ёфт шавад, маҷмӯи М дар фазои топологӣ маҷмӯи зич номида мешавад. Мас., маҷмӯи ададҳои рационалӣ дар маҷмӯи ҳамаи ададҳои ҳақиқӣ зич аст. Агар Р=М бошад, маҷмӯи Af-po маҷмӯи зичи хос меноманд.

Муфассал »

«МАҶМУАТ-УШ-ШУАРО»

«МАҶМУАТ-УШ-ШУАРО» тазкираи манзуми дузабова (тоҷикӣ ва ӯзбекӣ), ки соли 1821 аз торафи Абдулкарими Фазлии Намангонӣ бо вазни мутакориби мусаммани мақсур таълиф шудааст. Бо номҳои «Маҷмӯаи шоирон» «Маҷмӯаи Умархон» низ маълум аст. Дар тазкира доир ба 75 шоире, ки дар замони Умархони Амирӣ зиндагӣ ва эҷод кардаанд, маъ­лумоти мухтасар оварда мешавад. …

Муфассал »