Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «МАҶМУАТ-УШ-ШУАРО»

«МАҶМУАТ-УШ-ШУАРО»

«МАҶМУАТ-УШ-ШУАРО» тазкираи манзуми дузабова (тоҷикӣ ва ӯзбекӣ), ки соли 1821 аз торафи Абдулкарими Фазлии Намангонӣ бо вазни мутакориби мусаммани мақсур таълиф шудааст. Бо номҳои «Маҷмӯаи шоирон» «Маҷмӯаи Умархон» низ маълум аст. Дар тазкира доир ба 75 шоире, ки дар замони Умархони Амирӣ зиндагӣ ва эҷод кардаанд, маъ­лумоти мухтасар оварда мешавад. Лекин ба ин асар намунаи шеъри 101 шоир дохил гардидааст. Дар қисми аввал қасидаҳо дар васфи Умархон ва ғазалхои тоҷикию ӯзбекие, ки ҳамчун назира ба шеърҳои ӯ навишта шудаанд, ҷой гирифтаанд. Дар қисми сонӣ аз мухаммас, рубоӣ, мусаддас, мустазод, муфрадот, таърихҳо ва ғ. намуна оварда шуда­аст. Азбаски «Маҷмуат-уш-шуаро» аз нуқтаи назари манфиати хон ва умуман табақаи доро таълиф шудааст, баҳои Фазлӣ ба шоирон якранг ва холисона нест. Baй шоирони дарбор ва маддоҳӣ амирро таърифу тавсиф намуда, бо ҳар роҳ шеъри шоирони пешқадами замона — Гулханӣ, Махмур, Ҳозиқ, Маъдан, Кошиф, Тӯробӣ ва диг.-ро паст мезанад. Тарзи нигориши муаллиф содда аст. «Маҷмуат-уш-шуаро» доир ба ҳаёти адабию мадании охири асри 18 ва аввали асри 19 Қӯқанд маълумоти муҳим медиҳад. Тазкиранависони асри 19, мас., Возеҳ, аз «Маҷмуат

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …