Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МЕТАЛЛҲОИ ИШҚОРӢ

metalhoi-ishkori

МЕТАЛЛҲОИ ИШҚОРӢ, элементҳои гурӯҳчаи асосии гурӯҳи I системаи даврии Менделеев; литий (Li), натрий ( Na), калий (К), рубидий (Rb), цезий (Cs) ва франций (Ft). Онҳоро барои он Металҳои ишқорӣ меноманд, ки гидроксидашон ишқорӣ зӯр мебошад. Металҳои ишқорӣ аз ҷиҳати химиявӣ металлҳои фаъол буда, фаъолии онҳо аз литий то франций меафзояд.

Муфассал »

МЕТАЛЛҲОИ ИШҚОРЗАМИНӢ

metalhoi-ishkorzamin

МЕТАЛЛҲОИ ИШҚОРЗАМИНӢ, элементҳои гурӯҳчаи асосии гурӯҳи II системаи даврии Менделеев; калций (Са), стронций (Sr), барий (Ва) ва радий (Ra). Оксидҳои Металҳои ишқорзаминӣ. (мувофиқи ақидаи кимиёгарон «заминҳо») ҳангоми дар об ҳал шудан ишқор ҳосил мекунанд. Металҳои ишқорзаминӣ аз ҷиҳати химиявӣ хеле фаъоланд; фаъолии онҳо аз калций то радий меафзояд.

Муфассал »

МЕТАЛЛҲОИ АСИЛ

metalhoi-asil

МЕТАЛЛҲОИ АСИЛ, тилло, нуқра, платина ва металлҳои гурӯҳи платинй (палладий, иридий, родий, рутении ва осмий)-ро гӯянд, ки аз ҷиҳати химиявӣ хеле устувор буда, намуди охиринашон зебост. Ғaйp аз ин, тилло, нуқра ва платина қобилияти хуби пластикӣ дошта, металлҳои гурӯҳи платинй бошанд, душворгудозанд. Ин хосияти пурқиммати Металлҳои асил барои ҳосил кардани …

Муфассал »

МЕТАЛЛШИНОСӢ

metalshinosi

МЕТАЛЛШИНОСӢ, илмест, ки вобастагии байнии таркиб, сохти дохилӣ ва хосиятҳои металлу хӯлаҳо, инчунин қонуниятҳои тағйирёбии хосиятҳои онҳоро ҳангоми таъсироти ҳароратӣ, механикӣ, физикию химиявӣ ва ғ. меомӯзад, Металлшносӣ барои ҷустуҷӯҳои илмии таркиб, усулҳои тайёркунӣ ва коркарди масолеҳи металлии хосиятҳои механикӣ, физикӣ ва химиявиашон гуногун асоси илмӣ мебошад. Ҳосил кардани хӯлаҳои металлӣ …

Муфассал »

МЕТАЛЛУРГАЯИ СИЁҲ

МЕТАЛЛУРГАЯИ СИЁҲ як соҳаи саноати ваанин буда, истеҳсоли чӯян, пӯлод, прокат, гулбаҳои пӯлодин ва чӯянӣ, форрохулзҳо ва дар бар мегирад, Металлургияи сиёҳ дар муассисаҳои «Тоҷиктекстильмаш» ба номи Дзержинский (Душанбе), «Автозапчасть» (Конибодом), «Торгмаш» (Душанбе), «Тоҷикгидроагрегат», заводи арматурии ба номи Г. К. Орчоникядзе (Душанбе) вуҷуд дораид, Ниг. низ Металлургия.

Муфассал »