Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МЕТК

МЕТК, деҳаест дар С. қ. Овчим pайони Ғончӣ, вил. Ленинобод. Терр. колхози «Қалъал Дӯст». Аз Метк то маркази С. қ. 19 км, то район 63 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1385 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби миёна дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — чорводорӣ ва ғаллакории лалмӣ.

Муфассал »

МЕТИОНИН

metionin

МЕТИОНИН, кислотаи а — ани-но-у-метилтиобутанат, CHaSCHf СИ2СН (NH2)COOH, аминокислотаи монокарбонии сулфурдор, ки дар таркиби бисьёр сафедаҳои ҳайвонӣ ва наботӣ вомехӯрад. Дар процессҳои ферментативии ҳосилшавии моддаҳои муҳими биологӣ (холии, адреналин ва ғ.) ва биосинтези цистеин иштпрок мекунад. Метионин аминокислотаи муҳим буда, талаботи шаборӯзии одам ба он 2,5—3 г аст. Норасоии Метионин …

Муфассал »

МЕТИНТӮҚАЙ

МЕТИНТӮҚАЙ, деҳа, маркази С. қ. ба номи С. Турдиеви pайони Москва, вилояти Кӯлоб. Аз Метинтӯқай то маркази район 15 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2880 наф. (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби миёна, 2 китобхона, клуб, шӯъбаи алоқа, кассаи амонатӣ, богчаи бачаҳо, касалхона, дорухона, муассисаҳои хизмати маишӣ, устохонаи таъмири мошинҳои хоҷагии қишлоқ, магазин, …

Муфассал »

МЕТИЛЁНИ НИЛӢ

nil

МЕТИЛЁНИ НИЛӢ, як навъ ранги органикӣ аз гурӯҳи рангҳои тиозинӣ. Дар таҷрибаи тиббӣ чун моддаи антцсептикӣ (зидди фасод) ва безарраркунандаи баъзе заҳрҳо истифода мешавад. Онҳоро ҳангоми мадда кардани ҷароҳат ва бемориҳои дигари пӯст, илтиҳоби масона (шошадон) ва ғ. барои шустан ё молидан кор мефармоянд; дар вақти аз кислотаи цианат, оксиди …

Муфассал »

МЕТИЗАЦИЯ

МЕТИЗАЦИЯ, метизонӣ (Франс, metisation аз metis — аз ҷуфтии ду зот ба вуҷудомада), ҷуфтикунонии байнизотӣ, яке аз усулҳои зиёд кардани ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ, ки дар натиҷаи ҷуфтии зотҳои гуногуни ҳайвонот (аз доираи як ҷинс) ба амал бароварда мешавад. Метизацияро барои беҳтар намудани зотҳои кӯҳна ва ба вуҷуд овардани зотҳои нави …

Муфассал »