Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МЕТИНТӮҚАЙ

МЕТИНТӮҚАЙ

МЕТИНТӮҚАЙ, деҳа, маркази С. қ. ба номи С. Турдиеви pайони Москва, вилояти Кӯлоб. Аз Метинтӯқай то маркази район 15 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2880 наф. (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби миёна, 2 китобхона, клуб, шӯъбаи алоқа, кассаи амонатӣ, богчаи бачаҳо, касалхона, дорухона, муассисаҳои хизмати маишӣ, устохонаи таъмири мошинҳои хоҷагии қишлоқ, магазин, ошхона, дӯкони сабзавотфурӯшӣ, ҳаммом дорад. Соҳаҳои хоҷагӣ — пахтакорӣ, обчакорӣ, чорводорӣ, кирмакдорӣ. Заминҳо аз дарёи Панҷ обёрӣ мешаванд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …