Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МЕҲРГОН

МЕҲРГОН яке аз қадимтарин идҳои фасли сол аст, ки дар байни қавмҳои эронӣ расм шудааст. Баробари инкишофи деҳқонӣ ва ҷорӣ гаштани тақвими деҳқонӣ пайдо шудааст. Меҳргон иди ҳосилот аст, ки рӯ­зи эътидоли тирамоҳӣ оғоз меёбад. Меҳргон рӯзи шонздаҳум — рӯзи меҳри моҳи ҳафтуми соли шамсӣ — меҳрмоҳ, ки эрониёни қадим …

Муфассал »

МЕҲРГИЁҲ

mehrgiyoh

МЕҲРГИЁҲ (Mandragora) ҷинси растаниҳои бисёрсолаест аз оилаи авранҷиҳо. Меҳргиёҳ пояи хеле кӯтоҳ до­рад ё бепоя аст. Решааш ғафси рост, баъзан ба шакли одам монанд аст. Баргаш калон (дарозиаш то 80 см), гулаш сафеди сабзча, кабуд ё бунафш, ғуҷуммевааш калон, норинҷӣ ё зард. 6 намуди Меҳргиёҳ дар кишварҳои б. Миёназамин, Осиёи …

Муфассал »

МЕҲНАТӢ Мир Девонаи Бухороӣ

mesheryakov

МЕҲНАТӢ Мир Девонаи Бухороӣ (1519—1584, Бухоро), шоири тоҷик. Дар Бухоро ба дунё омада, он ҷо зиндагӣ ва эҷод кардааст. Сар­рой ва ҳалвогар будааст. Аз ишороти Нисорӣ («Музаккир-ул-аҳбоб»), Бақои («Манмаъ-ул-фузало») ва маълумоти «Тазкират-уш-шуаро»-и Мутрибӣ бармеояд, ки Меҳнатӣ шоири зарофатгӯй, ҳозирҷавоб ва ҳаҷвнигор буда, бо баҳонаи девонагӣ муллоёни мутаассиб ва ҳокимонро сахт …

Муфассал »

МЕҲНАТОБОД

МЕҲНАТОБОД, деҳа, маркази С. қ. Комсомоли р-ни Фархор, вилояти Кӯлоб. Терр. колхози ба номи И. И. Ламанов. Аз Меҳнатобод то маркази район 5 км; роҳ асфальтпӯш. Аҳолиаш 675 нафар (1981), тоҷикон. Меҳнатобод мактаби миёна, китобхона, клуб, шӯъбаи алоқа, муассисаҳои хизмати маишӣ, парки трактору мошинҳои колхоз, устохонаи таъмири мошинҳои хоҷагии қишлоқ …

Муфассал »

МЕҲНАТОБОД

МЕҲНАТОБОД, деҳаест дар С. қ. Куркати райони Нов, вилояти Ленинобод. Терр. колхози «50-солагии СССР». Аз Меҳнатобод то маркази С. қ. 8 км, то район 6 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1235 наф. (1981), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Деҳа мактаби миёна, клуб, пункти тиббӣ, китобхона, чойхона ва магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — …

Муфассал »