МЕҲНАТОБОД, деҳа, маркази С. қ. Комсомоли р-ни Фархор, вилояти Кӯлоб. Терр. колхози ба номи И. И. Ламанов. Аз Меҳнатобод то маркази район 5 км; роҳ асфальтпӯш. Аҳолиаш 675 нафар (1981), тоҷикон. Меҳнатобод мактаби миёна, китобхона, клуб, шӯъбаи алоқа, муассисаҳои хизмати маишӣ, парки трактору мошинҳои колхоз, устохонаи таъмири мошинҳои хоҷагии қишлоқ магазин ва нонвойхона дорад. Соҳаҳои хоҷагӣ — пахтакорӣ, боғу ток ва кирмакдорӣ. Заминҳо аз д. Панҷ обёрӣ мешаванд.