Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МИЁНАРАВӢ

miyonarav

МИЁНАРАВӢ, дар ҳуқуқи байналхалқӣ яке аз воситаҳои ҳалли мусолиматомези (хушӣ бо хушӣ) баҳсҳои байни давлатҳо бо роҳи гуфтушуниди онҳо бо иштироки давлати сеюм (миёнарав) ва дар асоси так­лифҳое, ки давлати сеюм пешниҳод менамояд. Қоидаҳои Миёнаравиро конвенцияҳои Гаага (солҳои 1899 ва 1907) ва Устави ТДМ (мод. 33) муайян ва муқаррар кардаанд. …

Муфассал »

МИЕЛИТ

mielit

МИЕЛИТ (аз юн. myelos — ҳароммағз), илтиҳоби ҳароммағз. Меилит ду хел мешавад: Меилити аввалӣ ва сонӣ. Меилити аввалиро вирусҳои гуногуни нейротропӣ ба вуҷуд меоранд; Меилити сонӣ аз процессҳои сироятию аллергӣ, ҷароҳат ва ғ. cap мезанад. Ҳангоми Меилит аксар пардаҳои ҳароммағз ва решачаҳои асаб зарар мебинанд. Меилити аввалӣ хеле тез инкишоф …

Муфассал »

«МИДОД-УЛ-ХАТ»

«МИДОД-УЛ-ХАТ» (намунаҳои хат), асари Миралии Ҳиҷравӣ, ки ба забони форси-тоҷикӣ таълиф шудааст. Дар хусуси хат, номҳои устодони хушнавис, қоидаҳои навиштан, тарзи тайёр намудани ранг ва воситаҳои китобату навъҳои ҳарфҳо баҳс мекунад. Таърихи таълифи асарро баъди солҳои 1518—19 ҳисобидаанд. Рисола аз муқаддима ва 5 боб иборат аст. Боби 1-ум дар бораи …

Муфассал »

МИДИЯ

midiya

МИДИЯ (My til us), як ҷинси нармбаданҳои дутабақа. Дарозиаш то 20 см аст. Бо ёрии пойҳояш ба предметҳои зериобӣ часпида инкишоф меёбад. Дар мантияаш об гардиш карда, ба нафаскашӣ ва ғизогирӣ кӯмак мерасонад. Мидия калон дар як шаборӯз то 70 л обро аз мантияи худ гузаронда ме­тавонад. Ғизo дар ин …

Муфассал »

МИДЕНШОР

МИДЕНШОР, деҳа, маркази С. қ Поршневи райони Шуғнони ВАБК. Терр. совхози ба номи Ш. Шотемуров. Аз Миденшор то маркази район 15 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 875 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби миё­на, омӯзишгоҳи мусиқии бачагона, хонаи пионерон, клуб, китобхона, шӯъбаи алоқа, ошхона, комб. хизма­ти маишӣ (цехҳои дӯзандагӣ, дуредгарӣ ва тунукасозӣ) …

Муфассал »