МИЕЛИТ (аз юн. myelos — ҳароммағз), илтиҳоби ҳароммағз. Меилит ду хел мешавад: Меилити аввалӣ ва сонӣ. Меилити аввалиро вирусҳои гуногуни нейротропӣ ба вуҷуд меоранд; Меилити сонӣ аз процессҳои сироятию аллергӣ, ҷароҳат ва ғ. cap мезанад. Ҳангоми Меилит аксар пардаҳои ҳароммағз ва решачаҳои асаб зарар мебинанд. Меилити аввалӣ хеле тез инкишоф меёбад. Дар ин ҳолат ҳарорат баланд шуда, дард шиддат мегирад ва функцияи системаи асаб вайрон мешавад. Ҳангоми мавти ҳуҷайраҳои асаб кас ба фалаҷ гирифтор мешавад.
Муолиҷа: истеъмоли антибиотикҳо, моддаҳои десеисибилизационӣ, витаминҳо; масҳ, варзиш, бал неотерапия, моддаҳои муқаввӣ тавсия мешаванд.