Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МИЛЛАТ

millat

МИЛЛАТ (ар. —уммат, қабила, халқ), шакли олии умумияти таърихию этникии одамон аст, ки дар асоси умумияти ҳаёти иқтисодӣ, Умумияти забон, территория, хусусиятҳои ҳаёти маданӣ, шуур ва психо­логия ташаккул меёбад. Назарияи ҳақиқатан илмии Миллатро аввалин бор марксизм-ленинизм офарида, фарқияти куллии онро аз нажод, қабила ва халқият нишон дод (ниг. Ленин В. …

Муфассал »

МИЛИЦИЯ

miliciya

МИЛИЦИЯ (аз лот. militia —қӯшун), дар СССР органи муҳофизати тартибот ва бехатарии ҷамъиятӣ. Милиция ба иҷрои қонуну қарорҳои органҳои маҳаллӣ доир ба тартиботи ҷамъиятӣ назорат карда, бар зидди ҷинояткорӣ мубориза мебарад, моликияти давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бехатарию моликияти гражданҳоро ҳифз, ба бехатарии ҳаракати нақли­ёт, пиёдагардҳо ва ҳолати техникии нақлиёти автомобилӣ назорат …

Муфассал »

МИЛИТАРИЗМ

militarizm

МИЛИТАРИЗМ (франс. militaris- me, аз лот. militaris — ҳарбӣ), ба маънои васеаш — сиёсати афзудани иқдидори ҳарбии давлати истисморгар бо мақсади гузаронидани сиёса­ти ҷанги истилогарона ва фурӯ нишондани муқобилати оммаи меҳнаткашон дар дохили мамлакат. Милитаризм зуҳуроти доимии моҳияти ҷамъияти антагонист буда, ҳамчун системаи иқтисодиёт, сиёсат ва идеологияи давраи капитализм ташаккул …

Муфассал »

МИЛЕТ

milet

МИЛЕТ (юн. Miletos), шаҳри қадим дар Пония, дар қисми ғарбии Осиёи Хурд. Юнониҳо ба Милет бори нахуст аввали асри 16 то м. омадаанд. Милет дар асри 14 шаҳри калонтарини ахейҳо буд. Асрҳои 8—6 то м. полис (шаҳр- давлат) маркази савдо, ҳунармандӣ ва мадании давраи атиқа ба шумор мерафт. Милет чиёнан …

Муфассал »

МИЛЕКСЕТОВ Николай Сергеевич

mileksetov

МИЛЕКСЕТОВ Николай Сергеевич (таваллуд 17. 8. 1939, ш. Тошкент), навовар ва пешқадами истеҳсолот, яке аз ташаббускорони мусобидаи со­циалистӣ Аъзои КПСС аз соли 1969. Солҳои 1956—59 ёрдамчии механикӣ фабрикаи трикотажӣ, ёрдамчии устои цехи бофандагии фабриккаи ҷуроббофии ш. Душанбе, 1959 —62 дар сафи Армияи Советӣ ва аз соли 1962 ёрдамчии устои цехи …

Муфассал »