Маълумоти охирин
Главная / Илм / МИЛЕКСЕТОВ Николай Сергеевич

МИЛЕКСЕТОВ Николай Сергеевич

mileksetovМИЛЕКСЕТОВ Николай Сергеевич (таваллуд 17. 8. 1939, ш. Тошкент), навовар ва пешқадами истеҳсолот, яке аз ташаббускорони мусобидаи со­циалистӣ Аъзои КПСС аз соли 1969.

Солҳои 1956—59 ёрдамчии механикӣ фабрикаи трикотажӣ, ёрдамчии устои цехи бофандагии фабриккаи ҷуроббофии ш. Душанбе, 1959 —62 дар сафи Армияи Советӣ ва аз соли 1962 ёрдамчии устои цехи бо­фандагии № 1-и фабрикаи номбурда аст. Милексетов 56 (ба ҷои 20) дастгоҳи автоматии ҷуроббофии АН-14 ва Д2ЕС- ро идора мекунад, ки ин яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин дар миқёси мамлакат мебошад Дар як смена ба ҷои 2 ҳазор 110 ҷуфт, қариб 3 ҳазор ҷуфт маҳсулоти нимтайёр мебарорад. Милексетов ду плани панҷсолаи шахсиашро иҷро намуд. Плани панҷсолаи 10-ум ро 30 сон т. 1077 ва плани панҷсолаи 11-умро 17 марти 1979 иҷро кард. Ҳоло ба хисоби октябр— декабр 1987 маҳсулот мебарорад. Милексетов аз соли 1965 қариб 70 таклифи рационализа­торӣ пешниҳод кардааст, ки аксари онҳо дар истлеҳсолот ҷорӣ гашт ва то 112 ҳазор сум фоида овард. Соли 1978 Милексетов барои ин хизматҳояш лауреати Мукофоти давлатии СССР шуд. Бо ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо (аз ҷумла бо ду медали тиллоии НКХХ СССР) ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шу­дааст.

С. Абдуллоев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …