Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МАДРАСАИ АРАБМУҲАММАДХОН

СУРАТИ МАДРАСАИ АРАБМУҲАММАДХОН

МАДРАСАИ АРАБМУҲАММАДХОН, ёдгории меъмории Хева (1616). Бинои дохили Ичанқалъа. Мадрасаи Арабмуҳаммадхон бинои начандон калонест, ки ба сабаби дар ҷои танг бунёд ёфтанаш шакли номавзун гирифтааст. Усули синҷбандиаш (чӯби байнаш бо хишт пур карда шуда) ба меъмории халқӣ наздик аст. Ҳуҷраҳо бо гунбазҳои «балхӣ» пӯшонда шудаанд. Мадрасаи Арабмуҳаммадхон дорои сақфу сутунҳои …

Муфассал »

МАДРАСАИ БАРОҚХОН

МАДРАСАИ БАРОҚХОН

МАДРАСАИ БАРОҚХОН, ёдгории меъмории охири асри 15 ва ибтидои асри 16 дар Тошкент. Дар аҳди Бароқхон (Наврӯз Аҳмад, ҳукмрониаш 1551—56) бино ёфтааст. Атрофи ҳавлии Мадраса бо қатори ҳуҷраҳо иҳота гардида, аз ду тарафи муқобил пештоқ гузошта шудааст. Пештоқи шарқӣ мӯҳташам буда, бурҷҳояш бо тоқҳои ороишиву ҳошияҳои назаррабо зинат ёфтааст. Пештоқи …

Муфассал »

МАДРАСАИ ГОВКУШОН

madrasai-govkushon

МАДРАСАИ ГОВКУШОН, ёдгории меъмории асри 16 дар Бухоро. Солҳи 1570—71 дар маркази шаҳр бино ёфтааст. Бинобар шакли номавзун доштани ҷои сохтмон, ёдгорӣ шакли номутаносиб гирифтааст ва бандубасташ низ аз мадрасаҳои анъанавӣ фарқ дорад. Қанотҳои паҳлуии намои асосӣ, ки дуқабата аст, аз якдигар аз ҷиҳти андоза ва шакл фарқ мекунанд. Паҳлӯи …

Муфассал »

Мадрасаи Девонбегӣ

Мадрасаи Девонбеги

МАДРАСАИ ДЕВОНБЕГӢ, ёдгории меъмории асри 17 дар Бухоро, ки бо ташабоуси вазири Имомқулихон Нодир Девонбегӣ бунёд гардидааст (1623). Мадрасаи Девонбегӣ аслан ба сифати корвонсарой сохта, баъдтар ба Мадраса табдил дода шудааст. Бинобар он дар Мадрасаи Девонбегӣ айвон, масҷид ва дарсхона барин ҷузъҳои хоси Мадраса нестанд. Чор тарафи онро ҳуҷраҳои хурди …

Муфассал »

МАДРАСАИ АБДУЛАЗИЗХОН

МАДРАСАИ АБДУЛАЗИЗХОН

МАДРАСАИ АБДУЛАЗИЗХОН, ёдгории меъмории асри 17 дар Бухоро. Соли 1652 дар аҳди Абдулазизхон сохта шудааст. Дар он анъана ва комёбиҳои санъати меъмории тоҷик истифода шудааст. Мадрасаи Абдулазизхон аз ҷиҳати бандубаст ва ороиш аз мадрасаҳои анъанавии Бухорост. Мадрасаи Абдулазизхон пештоқи калон, гулдастаҳо, ҳуҷраҳои дуошёнаи пешашон равоқбанди, айвонҳои барҳаво ва дарсхонаҳои калон …

Муфассал »