Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Суруди Майда

musiqi

«МАЙДА», ҳӯп-ҳӯп, суруди халқии маросимӣ, ки онро деҳқонон ҳангоми хирманкӯбӣ месуруданд. Оҳанги маҳзуну ғамангез дорад. Майда аз якчанд дубайтиҳои ҷудогонаи лирикии ба ҳам алоқаманд доштаи гуногунмавзӯъ таркиб ёфтааст. Диапазонаш одатан дар фосилаи квартаи соф то квинта бо лаҳни минорӣ ҷойгир шудааст. Дар аксари районҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон маъмул буд. Э. …

Муфассал »

Шаҳри Майями

Маями

МАЙАМИ (Miami), шаҳр ва бандар дар штати Флоридаи ШМА, дар соҳили уқёнуси Атлантик ва резишгоҳи дарёи Майами. Аҳолиаш тақрибан 345 ҳазор нафар, бо атрофаш 1,4 млн нафар. (1974). Аэропорташ дорои аҳамияти байналхалқист. Саноати Майими  асосан барои курортҳо маҳсулот мебарорад. Корхонаҳои саноати радиоэлектроника ва мошинсозӣ низ мавҷуданд. Майими— курорти калони иқлимии …

Муфассал »

МАЙ БАР САРИ БАҲОР

nowruz3

«МАЙ БАР САРИ БАҲОР» (М. 1) Оҳанги мавсимии маросимӣ. Дар асрҳои 5—6 ба муносибати ҷашни Наврӯз эҷод шудааст ва онро ҳамчун беҳтарин оҳангҳои наврӯзӣ ном бурдаанд. 2) Гӯшаи мусиқӣ дар таркиби «Дувоздаҳмақом», ки дар асрҳои миёна шӯҳрат дошта, мардуми Бухоро дар пайравии он сурудҳои наврӯзӣ эҷод намудаанд.

Муфассал »

МАЗҲАР

odami_nomalum

МАЗҲАР (тахалл.; номаш Мирзо Шамсуддини Ҷони Ҷонон, 1698, ш. Колобоғи Малва— 1780), шоири форсизабони Ҳиндустон. Аз Мазҳар девони форсӣ-тоҷикӣ, девоне ба забони урду ва тазкираи «Харитаи ҷавоҳир» мерос мондааст. Hazrat Mirza Mir Mazhar e Jaane Jaana. Мазҳар ҳамчун шоири ғазалсаро маълум аст. Дар девони ӯ инчунин, як марсия, ду мухаммас (яктоаш бар …

Муфассал »

МАЗҲАКАИ МУСИҚӢ

maxresdefault

МАЗҲАКАИ МУСИҚӢ, оперетта ва аcapҳoи саҳнавии мусиқие, ки дар заминаи мазҳака эҷод шудаанд (опера — буфф, зингшпиль, водевиль ва г.). Мазҳакаи мусиқӣ ҳамчун жанри мустақил дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20 ба вуҷуд омад. Дар Мазҳакаи мусиқӣ сурудҳои гуногуни лирикӣ, халқӣ ва эстрадӣ, инчунин рақсҳои оммавиро истифода мебаранд. …

Муфассал »