«МАЙДА», ҳӯп-ҳӯп, суруди халқии маросимӣ, ки онро деҳқонон ҳангоми хирманкӯбӣ месуруданд. Оҳанги маҳзуну ғамангез дорад. Майда аз якчанд дубайтиҳои ҷудогонаи лирикии ба ҳам алоқаманд доштаи гуногунмавзӯъ таркиб ёфтааст.
Диапазонаш одатан дар фосилаи квартаи соф то квинта бо лаҳни минорӣ ҷойгир шудааст. Дар аксари районҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон маъмул буд.
Э. Тоҷикова.