Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Абдуллоева Гулсар

Абдуллоева Гулсара Сангиновна (таваллудаш 2. 2. 1948, ноҳияи, Шаҳринав), актрисаи тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1999). Хатмкардаи Ин­ститути давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийи Москва (1971). Аз соли 1971 актрисаи Театри давла­тии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов. Абдуллоева образоро содаву самимӣ ва бо маҳорати баланд меорад. Дар саҳнаи …

Муфассал »

Абдуллоева Бибизумрад

Абдуллоева Бибизумрад (1919, деҳаи Куркати ноҳияи Нов – ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Устоди пахтаи РСС Тоҷикистон (1957). Колхозчӣ, сардори звено ва бригадаи колхози ба номи Телмани ноҳияи Колхозобод (1937 -1972). Аз соли 1973 нафақагири шахсӣ буд. Абдуллоева солҳои 1948 – 1950 аз ҳар га замин 35 …

Муфассал »

Абдуллоев Ҳасан

Абдуллоев Ҳасан (таваллудаш 21.9.1952, Душанбе), физики тоҷик, доктори илмҳои физикаю математика (2000), профессор (2002). Соли 1974 УДТ-ро хатм карда, дар ҳамин ҷо ба сифати ходими илмӣ, ходими калон, ходими пешбари илмӣ, мудири лабораторияи проблемавии физикаи мустаҳкамии полимерхо кор кардааст. Солҳои 1988-2002 дотсент ва профессори кафедраи фи­зикаи ҷисмҳои сахт, муовини декани …

Муфассал »

Абдуллоев Ҳамидҷон

Абдуллоев Ҳамидҷон (20. 7. 1945, деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд), био­лог, доктори илмҳои биология (1990), профессор (1997), узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001). Хатмкардаи Институти давла­тии педагогии Ленинобод (1966). Ассистента кафедраи ботаникаи Институти давлатии педагогии Ленинобод (1966 – 1967), аспиранти Институти фи­зиология ва биофизикаи растаниҳои АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти физикаи …

Муфассал »

Абдуллоев Ҳабибулло

Абдуллоев Ҳабибулло Одинаевич (таваллуд 19. 8. 1946, деҳаи Бустонаки тобеи шаҳри Ваҳдат), физики тоҷик, доктори илмҳои физикаю математика (1992), профессор (1996), Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009). Соли 1968 УДТ- ро хатм карда, дар ҳамин ҷо ба сифати ассистент, муаллими калон, дотсент ва профессори кафедраи физикаи назариявӣ кор кардааст. …

Муфассал »