Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Абдуллоҳи Тусӣ

Абдуллоҳи Тусӣ (соли таваллудаш но­маълум – вафоташ 1464, Шероз), шоири форс-тоҷик. Аз ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш дар тазкираҳо маълумот кам аст. Дар замони Бобур чун шоир шӯҳрат ёфтааст. Пас аз марги Бо­бур ба Озарбойҷон ва Ироқ рафт. Аз он ҷо ба Шероз омад ва то охири умр он ҷо монд. Абдуллоҳи …

Муфассал »

Абдуллоҳи Таббоҳ

Абдуллоҳи Таббоҳ маъруф ба Абдуллоҳи Хиравӣ ва мулаққаб ба «Ошпаз» (соли таваллуд ва вафоташ номаъ­лум), хаттоти форс-тоҷик (асри 15). Абдуллоҳи Таббоҳ дар шаҳри Ҳирот ба дунё омада, дар зодгоҳаш ва Самарқанду Машҳад касби камол кардааст. Дар замони ҳукмронии Шоҳрух Мирзо (1409 – 1447) хаттоти китобхонаи Темуриён буд. Шогирди устод Ҷаъфари …

Муфассал »

Абдуллоҳи Сайрафӣ

Абдуллоҳи Сайрафӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), хаттоти форс- тоҷик (асри 14). Дар Табрез ба камол расида, дар ҳамон ҷо аз хушнависони номии давр Юсуфи Машҳадйӣ ва Саид Ҳайдар таълим гирифтааст. Дар санъати хаттотии ӯ бештар «сабки ироқӣ» (таъсири Ёқути Мустаъсимӣ) ҳис мешавад. Ӯ яке аз устодони хати сулс, муҳаққақ, …

Муфассал »

Абдуллоҳи Нойӣ

Абдуллоҳи Нойӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), навозанда, сароянда ва мусиқидони форсу тоҷик (охири асри 15 ва ибтидои асри 16). Дар Ҳирот таваллуд ёфта, маълумоти ибтидоии илми мусиқиро низ ҳамон ҷо фаро гирифтааст. Абдуллоҳи Нойӣ дар навохтани най беҳамто буда, овозааш ба бузургтарин шаҳрҳои он давр низ расидааст. Дарвешалии Ҷангӣ …

Муфассал »

Абдуллоҳи Муссавири Хуросонӣ

Абдуллоҳи Муссавири Хуросонӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), наққош ва рассоми форс-тоҷик (асри 16). Аз рӯйи сабку услуб намояндаи Мактаби минётураи Бухоро аст, вале дар асарҳои ӯ таъсири анъанаҳои Мактаби минётураи Ҳирот бештар мушоҳида мешавад. Ӯ ин равияро аз устоди худ Маҳмуди Музаҳҳиб омӯхта, ҷиҳатҳои пешқадами санъати минётуранигориро идома додааст. …

Муфассал »