Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Абдулҷамил

Абдулҷамил (соли таваллудаш номаълум – вафоташ 1505, Ҳирот), хаттоти тоҷик (асри 14). Зодгоҳаш Ҳирот. Дар ҳамон ҷо ба камол расидааст. Дар навиштани хати настаълиқ хеле моҳир бу­дааст. Абдулҷамил дар мадрасаи Султонияи Ҳирот аз сарфу наҳви арабӣ дарс гирифтааст. Аз осори хаттотии ӯ «Хамса»-и Навоӣ (китобаташ соли 1484) то замони мо …

Муфассал »

Абдулҷаббори Xуҷандӣ

Абдулҷаббори Xуҷандӣ (соли таваллудаш номаълум – вафот 1219, Хуҷанд), мунаҷҷим ва шоири тоҷик. Оид ба ҳаёташ маълумот нест. Аз Абдулҷаббори Xуҷандӣ аса­ри манзуми нуҷумии «Ал-мадхал-ул- манзум фи аҳком-ин-нуҷум» («М адҳали манзум дар аҳкоми нуҷум») то замони мо расидааст. Ин асар дар байни аҳли адаб маъруф буд ва ба он мунаҷҷимони …

Муфассал »

Абдулҷаббори Ургутии Самарқандӣ

Абдулҷаббори Ургутии Самарқандӣ (1831/1832, Ургут – 1912, ҳамон ҷо), хаттот ва шоири тоҷик. Яке аз чаҳор нафар ихтироъкорони навъҳои хати настаълиқ. Услуби хаттотии се нафари аввал (Мавлавӣ Соқӣ Муҳаммад, Сиддиқхони Дарахтӣ, Сиддиқхони Иштихонӣ)-ро минбаъд чандин хушнависон пайравӣ ва аз худ кардаанд, вале тарзу услуби Абдулҷабборро ҳарчанд кӯшида бошанд ҳам, касе …

Муфассал »

Абдулҷаббори Меъмор

Абдулҷаббори Меъмор (соли таваллуд ва вафот номаълум), меъмор ва мусаввири тоҷик (асри 17). Аз осори меъмории Абдулҷаббори  Меъмор то замони мо баъзе намунаҳо расидаанд. Тарҳи Мадрасаи Шердори Регистони Самарқанд амали ӯ буда, солҳои 1619 – 1636 бо иштироки бевоситаи меъмор бунёд ёфтааст. Дар кошиҳои сафеди равоқи даруни пештоқ номи «Усто …

Муфассал »

Абдулҷаббор ибни Ҳоҷӣ

Абдулҷаббор ибни Ҳоҷӣ Алӣ Муншии Астарободӣ (соли тав.аллуд ва ва­фот номаълум), хаттот ва хушнависи форс-тоҷик (асри 16). Абдулҷаббор устоди хати настаълиқ буда, дар дарбори Аҳмади Гелонӣ (ҳукмрониаш 1536- 1567/1568) хизмат кардааст. Солҳои 60 асри 16 дар Қазвин асир ва дар китобхонаи шоҳ Тахмосб хаттот ва мусаввир будааст. Солҳои 70 асри …

Муфассал »