Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Абдуннабӣ Фахруззамонии Қазвинӣ

Абдуннабӣ Фахруззамонии Қазвинӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоир ва адиби эронӣ (охири асри 16 – ибттдои асри 17). Дар зодгоҳаш – Қазвин илмҳои мутадовилаи замонашро омӯхт ва ба шеъру шоирӣ дар синни камолот майлу рағбат пайдо намуд. Дар 19-солагӣ ба Машҳад омад ва аз он ҷо ба Ҳиндустон рафт. …

Муфассал »

Абдуназаров Хушбахт

Абдуназаров Хушбахт (7. 4. 1946, ноҳияи Темурмалик), доктори илми таърих (2009). Хатмкардаи Техникуми тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанбе (1966) ва факултети таърихи УДТ (1973, ғоибона). Дар мактаби зодгоҳаш ав­вал муаллим ва баъд директор буд. Раиси Ҷамоати деҳоти Қушияи ноҳияи Совет (1993 – 1908), омӯзгор, дотсенти кафедраи илмҳои ҷамъиятӣ, декани факултети таърих …

Муфассал »

Абдумуродов Шамар

Абдумуродов Шамар (таваллудаш 1928, деҳаи Оқмачити ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон), чӯпон, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1973). Солҳои 1945 – 1954 аввал чӯпон ва минбаъд сарчӯпони заводи зотпарварии давлатии «Қубодиён»-и ноҳияи Шаҳритуз (1954 – 1989) буд. Аз соли 1990 нафақагири шахсӣ. Абдумуродов ба комёбиҳои баланди меҳнатӣ ноил шудааст. Де­путати Совета Олии …

Муфассал »

Абдуманнонов Абдураҳмон

Абдуманнонов Абдураҳмон (таваллудаш 6. 4. 1947, ноҳияи Бӯстонлиқи Ӯз­бекистон), адабиётшинос, мунаққид ва тарҷумони тоҷик. Хатмкардаи УДТ (1968). Ходими илмии Институти шарқшиносии АИ РСС Тоҷикистон (1972 – 1975), муҳаррири калони илмӣ ва мудири редаксияи таърихи Сарредаксияи илмии ЭСТ (1975 – 1978), ходими илмӣ, муовини директори ИЗА (1979 -1991), муовини раиси ИН …

Муфассал »

Абдумамадов Султонмаҳмуд

Абдумамадов Султонмаҳмуд (таваллудаш 1934, деҳаи Роштқалъаи ноҳияи Роштқалъа), сароянда, Ҳофизи халқии РСС Тоҷикистон (1986). Солҳои 1956 – 1962 солисти Ансамбли тарона ва рақси Помир, 1962 – 1965 роҳбари бадеии хонаи маданияти ноҳияи Шуғнон, 1966 – 1994 артисти Театри мазҳакаи мусиқии вилоятии шашри Хоруғ буд. Овози форам ва истеъдоди хуби сарояндагӣ …

Муфассал »