Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдуназаров Хушбахт

Абдуназаров Хушбахт

Абдуназаров Хушбахт (7. 4. 1946, ноҳияи Темурмалик), доктори илми таърих (2009). Хатмкардаи Техникуми тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанбе (1966) ва факултети таърихи УДТ (1973, ғоибона). Дар мактаби зодгоҳаш ав­вал муаллим ва баъд директор буд.

Раиси Ҷамоати деҳоти Қушияи ноҳияи Совет (1993 – 1908), омӯзгор, дотсенти кафедраи илмҳои ҷамъиятӣ, декани факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав. Аз соли 2008 мудири кафе­драи таърихи умумии ҳамин донишгоҳ. Доир ба таърихи даврони шӯравии Тоҷикистон беш аз 50 асари илмӣ, илмию оммавӣ, дастурҳои таълимию методӣ таълиф намудааст.

Ос: Деятельность Компартии Таджикистана по атеистическому воспитанию трудящихся (1971 – 1980 гг.), Д., 1986; Становление и разви­тие общественного животноводства в Таджики­стане (1924 -1991 гг.), Д., 2009.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …