Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдумуродов Шамар

Абдумуродов Шамар

Абдумуродов Шамар (таваллудаш 1928, деҳаи Оқмачити ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон), чӯпон, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1973). Солҳои 1945 – 1954 аввал чӯпон ва минбаъд сарчӯпони заводи зотпарварии давлатии «Қубодиён»-и ноҳияи Шаҳритуз (1954 – 1989) буд.

Аз соли 1990 нафақагири шахсӣ. Абдумуродов ба комёбиҳои баланди меҳнатӣ ноил шудааст. Де­путати Совета Олии РСС Тоҷикистон (даъвати 9). Бо ду ордени Ленин, медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совета Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …