Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Абдураҳимов Зубайдулло

Абдураҳимов Зубайдулло Зиёдуллоевич (таваллудаш 29. 1. 1958, ноҳияи Варзоб), духтури кардиолог, доктори илмҳои тиб (2000), профессор (2002). Хатмкардаи факултети муолиҷавии Ин­ститути давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1981). Ординатор (1981 – 1983) ва аспиранти Институ­ти ҷарроҳии дилу рагҳои ба номи А. Н. Бакулеви АИТ СССР дар Москва (1983 …

Муфассал »

Абдураҳимбий

Абдураҳимбий (1700, Хуҷанд  1733, ҳамон ҷо),  бдураҳимхон, фарзанди Шоҳрухбийи Атолиқ, хони Хӯқанд. Солҳои ҳукуматаш 1721 – 1733, аз сулолаи ӯзбакзабони мингҳо. Соли 1725 аз вазъи нобасомонии хонигарии Бухоро истифода бурда, бо сипоҳи 20 ҳазорнафараи худ Хуҷанд (1725), Ӯротеппа (1726) ва сипас Самарқандро (1732) тасарруф намуд. Абдураҳимбий духтари ҳокими Шаҳрисабз Олимбекро, …

Муфассал »

Деҳаи Абдурасулӣ

Абдурасулӣ, деҳа дар ҷамоати деҳоти Раҷаб Исмоилови тобеи шаҳри Ваҳдат. Аз Абдурасулӣ то шаҳри Ваҳдат 10 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 1155 нафар (2009), тоҷикон. Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ ва нуқтаҳои савдои хусусӣ до­рад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, боғдорӣ, чорводорӣ ва зироаткорӣ. Заминҳо асосан аз дарёи Кофарниҳон обёрӣ …

Муфассал »

Абдураззоқов Ҳабибулло

Абдураззоқов Ҳабибулло (таваллудаш  7.11.1937, шаҳри Кӯлоб), актёр ва режис­сёр. Артиста халқии РСС Тоҷикистон (1987). Хатмкардаи факултети актёрии Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийи Москва (1960) ва курси олии режиссёрии Академияи санъати шаҳри Москва (1964). Актёри Театри ҷумҳуриявии мазҳакаи мусиқии ба номи А. С. Пушкини шаҳри Ленинобод (ҳозира …

Муфассал »

Абдураззоқ ибни Шиҳобудцини Фазлуллоҳ

Абдураззоқ ибни Шиҳобудцини Фазлуллоҳ (Хона Ҷалолуддин)-и Боштинӣ, аввалин амири сарбадорони Хуросон (1337 – 1339). Лақаби «Аминуддавла» доштааст. Дар дар­бори хони муғул Абусаидхон шуғли девонӣ дошт. Абдураззоқ шахси нерӯманду нанговар буд. Хони муғул Абусаид­хон қабл аз маргаш барои ҷамъ кардани амвол аз вилояти Кирмон Абдураззоқро ба унвони намоянда фиристод, лек Абдураззоқ …

Муфассал »