Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Абдураҳмонов Урун

Абдураҳмонов Урун Қурбонович (1904 – 1980), яке аз аввалин муҳандисони бинокори тоҷик, узви аввалин садорати ИМ-и шӯравии Тоҷикистон (1936), Бинокори хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон (1959). Абдураҳмонов  роҳбари идораи лоиҳакашии «Тоҷик- госпроект» (аз январи 1938), ҷонишини раиси Госстройи РСС Тоҷикистон буд. Соли 1959 раиси садорати ИМ-и шӯравии Тоҷикистон ва соли 1961 узви …

Муфассал »

Абдураҳмонов Раҳматулло

Абдураҳмонов Раҳматулло Бозорович (таваллудаш 10. 07. 1948, деҳаи Муллошодии ноҳияи Ҳисор), наққоши тоҷик, Арбоби ҳунари Тоҷикистон (1998). Хатмкардаи Омӯзишгохи ҷумҳуриявии рассомии Душанбе (1974) ва факултета таърихи Институти дав­латии педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (ғоибона, 1984). Муаллими Омӯзишгоҳи ҷумҳурияви рассомии ба номи М. Олимов (1974 -1980), наққоши Фонди бадеии …

Муфассал »

Абдураҳмонов Пӯлод

Абдураҳмонов Пӯлод (1927, деҳаи Субулоқи ноҳияи Файзобод – 2002, ҳамон ҷо), картошкапарвар, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1971). Колхозчӣ (1944 – 1946), сардо­ри бригадаи картошкакорони колхози «50-солагии Октябр» ва совхози «Қалъаи Дашт-2» (1947-1984), хоҷагии «Хамза»-и ноҳияи Файзобод (1985 – 1990). Аз соли 1990 нафақагири шахсӣ. Бригада­аш ҳосили фаровони картошка (аз ҳар га …

Муфассал »

Абдураҳмонов Нозимчон

Абдураҳмонов Нозимчон (1904, Конибодом – 1994, ҳамон ҷо), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948), Устоди пахтаи Тоҷикистон (1959). Коргари артели ҳунармандии «Болшевик» (1928 – 29) ва Комбинати консервабарории шаҳри Конибодом (1930 – 1931), сардори бригадаи пахтакории колхози «Ленинград»-и ноҳияи Конибодом (1932 – 1968). Аз соли 1965 нафақагир. Бригадааш солиёни зиёд ҳосили …

Муфассал »

Абдураҳмонов Неъматҷон

Абдураҳмонов Неъматҷон (1905, Конибодом – 1985, Душанбе), Каҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1957). Фаъолияти меҳнатиашро аз коргари корхонаи консерви Конибодом ва кони нефти САНТО (1924 -1931) оғоз намуда, дар Мактаби Ҳизби коммунистии Комитети Марказии ВКП (б) (шаҳри Москва) таҳсил кард (1931 – 1933). Минбаъд мудири шӯъбаи комитети Ҳизби коммунисти ноҳияи Кангурт, котиби …

Муфассал »