Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдураҳмонов Урун

Абдураҳмонов Урун

Абдураҳмонов Урун Қурбонович (1904 – 1980), яке аз аввалин муҳандисони бинокори тоҷик, узви аввалин садорати ИМ-и шӯравии Тоҷикистон (1936), Бинокори хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон (1959).

Абдураҳмонов  роҳбари идораи лоиҳакашии «Тоҷик- госпроект» (аз январи 1938), ҷонишини раиси Госстройи РСС Тоҷикистон буд. Соли 1959 раиси садорати ИМ-и шӯравии Тоҷикистон ва соли 1961 узви садорати ИМ СССР интихоб шуд.

Бо сарварии Абдураҳмонов бисёр лоиҳаҳои биноҳои манзилию маъмурии шаҳри Душанбе ва Тоҷикистон таҳия шудаанд. Ӯ дар рушди меъморӣ  ва бинокорӣ дар Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …