Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

САДМА – шок

shok

САДМА, шок (аз англ, shock — заниш, садама, зарба, зарбдиҳӣ), ҳолати босуръат вусъатёбанда ва барои ҳаёти одамӣ хатарнокро гӯянд, ки дар натиҷаи аз таъсироти зур вайрон шудани фаъолияти тамоми системаҳои физиологӣ ба вуҷуд меояд. Ҷиҳати хоси Садма ихтилоли гардиши хуни капиллярӣ дар бофтаҳо мебошад; ихтилоли гардиши хуни капиллярӣ бошад, аз …

Муфассал »

Деҳаи САДИҚА

САДИҚА, деҳаест дар Совети қишлоқи Сағирдашти райони Қалъаихуми ВМКБ. Территорияи совхози Сағирдашт». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 5 км, то район 70 км; роҳ қисман асфалтпӯш. Аҳолиаш 65 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби ибтидоӣ ва магазин дорад. Соҳаҳои хоҷагиаш ғаллакорӣ ва чорводорист. Заминҳо аз чашмаи Марғзор обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

САДИЗМ

САДИЗМ, дар тиб як навь шаҳватпарастиест, ки гирифтори он ҳангоми алоқаи ҷинсӣ ба азоби рӯҳӣ ё ҷисмонии зан мекӯшад. Садизм аз номи нависандаи франсавӣ Маркиз де Сад (de Sade, 1740—1814) бармеояд. Ӯ дар романҳояш ҷиноятҳои алоқаи ҷинсиро, ки бо амали зӯрӣ ва бераҳмӣ алоқаманданд, тасвир карда буд. Дар маънои маҷозиаш …

Муфассал »

САДИД

САДИД (ар— зардоби ҷароҳат), дар тибби қадим рутубатеро гӯянд, ки аз хуни фосид дар ҷароҳат пайдо мешавад.

Муфассал »

САДДИ ЧИН

devori-chin

САДДИ ЧИН, девори қалъа дар Хитойи Шимолӣ, ёдгории бузурги меъмории Чини бостонист. Қисми якумаш дар асрҳои 4—3 то мелод бунёд гардидааст. Баъди муттаҳидшавии Хитой (221 то мелод) император Тсин Шнхуанди фармон дод, ки барои эмин доштани сарҳади шимолу ғарбии империя аз ҳуҷуми халқҳои бодиянишин девор бардошта шавад. Минбаъд Садди Чин …

Муфассал »