Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САДМА – шок

САДМА – шок

САДМА, шок (аз англ, shock — заниш, садама, зарба, зарбдиҳӣ), ҳолати босуръат вусъатёбанда ва барои ҳаёти одамӣ хатарнокро гӯянд, ки дар натиҷаи аз таъсироти зур вайрон шудани фаъолияти тамоми системаҳои физиологӣ ба вуҷуд меояд. Ҷиҳати хоси Садма ихтилоли гардиши хуни капиллярӣ дар бофтаҳо мебошад; ихтилоли гардиши хуни капиллярӣ бошад, аз сабаби вайрон шудани фаъолияти кашишхӯрии дил, тонуси рагҳои артериявӣ ва венавӣ, функсияи худи капиллярҳо, тағйири сифати хун ба а мал меояд.

shok

Садма аз ҷароҳат, сӯхтагӣ, амали ҷарроҳӣ, ҳангоми гузаронидани хуни номувофик, анафилаксия, вайроишавии фаъолияти дил, камхунии бофтаю узвҳо, дар натиҷаи бисёр рафтани хун ва ғайра пайдо мешавад.
Механизми инкишофи Садма ҳанӯз пурра маълум нест. Дар айни замон оид ба инкишофи Садма якчанд ақида ҳаст. Мувофиқи як назария тағйироти ҳангоми Садма рӯйдиҳандаро ба импулсҳои (ҷунбаҳои) сершумори дард, ки аввал системаи асабро ба ҳаяҷон оварда, баъд фаъолияти онро бениҳоят суст менамоянд, вобаста мекунанд. Аз рӯи назарияи дигар камшавии ҳаҷми хуни дар гардишбуда омили асосист. Ақидае ҳам ҳаст, ки мувофиқи он сабаби асосии Садма ба хун дохил шудани моддаҳои фаъоли биологие мебошад, ки гардиши хунро дар организм вайрон мекунанд. Ҳангоми Садма ранги бемор парида, аз ҳол меравад; фишори хунаш паст мешавад ва арақи хунук мекунад. Барои табобат ҳатман ба духтур муроҷиат бояд кард. _

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …