Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СЕЛЕН

СЕЛЕН (selenium), Sе, элементи химиявӣ аз гӯрӯҳи VI системаи даврии Менделеев; рақами атомиаш 34, массаи атомиаш  78,96. Селени табиӣ шаш изотопи собит дорад: 74Sе, 76Sе,  77Sе,  78Sе,  80Sе, 82Sе. Селенро соли 1817  Я. Берцелиус кашф кардааст. Селен 5.10-6%-и массаи қишри Заминро ташкил медиҳад. Конфигуратсияи қабати берунии электронии Селен 4s2  4p4  …

Муфассал »

СЕЛЕВКИЯ

СЕЛЕВКИЯ, номи як қатор шаҳрҳои эллинии замони қадим, ки Селевки I Никатор бунёд кардааст. Калонтарини онҳо Селевкияи соҳили Даҷла ва Селевкияи Пиерия буданд. Селевкияи соҳили Даҷла соли 312 то милод ҳамчун пойтахти давлати Селевкиён бунёд гардида, маркази тиҷорат ва ҳунармандии Осиёи Пеш ба шумор мерафт. Дар асри 1 милодӣ он …

Муфассал »

СЕЛЕВКИЁН

СЕЛЕВКИЁН, сулолаест, ки солҳои 312—64 то милод баъди шикасти империяи Искандари Мақдунӣ дар Осиёи Ғарбӣ ҳукмронӣ кардааст. Ҳокимони иперияи Селевкиён: Селевки I Никатор (312—280), Антиохи I Сотер (280—261), Антиохи II Теос (261— 246), Селевки II Каллиник (246—226), Селсвки III Сотер (226—223), Антиохи III Кабир (223—187), Селевки IV Филопатор (187—175), Антиохи …

Муфассал »

СЕЛЕВК

Селевки I Никатор

СЕЛЕВК, номи якчанд шоҳони сулолаи Селевкиён. Асосгузори сулола Селевки I Никатор (яъне «Ғолиб»). У аз ашрофони мақдунӣ буда, ҳанӯз дар давраи юриши Искандари Мақдунӣ ба Шарқ ном бароварда буд. Баъди вафоти Искандар, ҳангоми тақсимоти сатрапияҳо дар байни лашкаркашон соли  321 то милод. Селевки I ҳокими Бобулистон шуд. Мод, Бохтар, Шушро …

Муфассал »

Дарёи СЕЛДАРА

СЕЛДАРА, дарёест дар шимоли ғарби Помир, дар райони Мурғоби Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ. Тӯлаш 19 киллометр. Масоҳати ҳавзааш 3290 км3. Селдара аз пиряхи Федченко (дар баландии 2900 м) ибтидо ёфта, аз водии васеи кӯҳӣ мегузарад ва бо дарёи Савуқсой як шуда, дарёи Муғсу (шохоби чапи Сурхоб)-ро ташкил медиҳад. Манбааш пиряху …

Муфассал »