Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

«СЕЛЬСКАЯ МОЛОДЁЖЬ»

«СЕЛЬСКАЯ МОЛОДЁЖЬ», журнали ҳармоҳаи адабию бадеӣ ва оммавию сиёсии КМ ВЛКОМ. Аз соли 1924 мебарояд (аввал бо номи «Журнал крестьянской молодёжи», сонӣ— «Молодой колхозник» ва аз 1962 «Сельская молодёжь»). Адади нашр бештар аз 1,2 миллион нусха (1980). Аз соли 1966 иловаи адабии журнал — «Библаотека подвига и приключений» нашр мешавад. …

Муфассал »

СЕМАНТИКА

СЕМАНТИКА (франсавӣ semantique  аз юнонӣ semanticos — ифодакунанда, sema—аломат),дар забоншиносӣ 1) яке аз ҷиҳатҳои омӯзиши аломатҳо дар семинтика. 2) дар таърихи забоншиносӣ бо семисология як аст. 3) Маънои воҳидҳои забон. 4) Як қисми илми забоншиносӣ, ки маънои воҳидҳои забон пеш аз ҳама, калимаро меомӯзад. Калимаҳо дар забон ба гурӯҳҳои сермаъно …

Муфассал »

«СЕЛЬСКАЯ ЖИЗНЬ»

    «СЕЛЬСКАЯ ЖИЗНЬ» («Ҳаёти деҳот»), газетаи ҳаррӯзаи КМ КПСС. Аз 27 марти 1918 мебарояд (аввал бо номи «Беднота», сонӣ «Сельское хозяйство» ва аз 1960 «Сельская жизнь»). Ҳафтае 6 маротиба дар Москва нашр мешавад. Бо орденҳон Ленин ва Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шудааст. Адади нашр 9,5 миллион нусха (1981).

Муфассал »

СЕЛЬВИНСКИЙ Илья Львович

СЕЛЬВИНСКИЙ Илья (Карл) Львович (24. 10. 1899, Симферопол —22.03. 1968, Москва), нависандаи советии рус. Аъзои КПСС аз соли 1941. Факултети ҷамъиятшиносии Университети давлатии Москваро хатм кардааст (1923). Асарҳояш аз соли 1915 чоп шудаанд. Асарҳои давраи аввали эҷодиёташ ба Ҷанги гражданӣ (фоҷиаи «Командарми 2», 1928) оиданд. Охири солҳои 30 ба жанри …

Муфассал »

СЕЛИТРАҲОИ ТАБИӢ

СЕЛИТРАҲОИ  ТАБИӢ, номи муштараки минералҳои намакҳои кислотаи нитрат: нитрати натрий — селитраи чилигӣ (нигаред Селитраҳо), нитрати калий — селитраи калий. Нигаред Нитратҳои табиӣ.

Муфассал »