Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СЕРВАНТЕС Сааведра

СЕРВАНТЕС Сааведра (Servantes – Saavedra) Мигел де (09. 10. 1547, Алкала-де-Энарес—23. 04. 1616, Мадрид), нависандаи испанӣ. Аз оилаи ҷарроҳ. Университети Алкала-де-Энаресро хатм кардааст. Соли 1571 дар ҷанги баҳрии байни испанҳою туркҳо иштирок карда, аз дасти чапаш маҳрум шуд. Дар бозгашт ба ватан (1575) ба дасти роҳзанҳои баҳрӣ афтода, 5 сол …

Муфассал »

СЕРОВ Валентин Александрович

%d1%85%d1%83%d0%b4%d0%be%d0%b6%d0%bd%d0%b8%d0%ba

СЕРОВ Валентин Александрович (19. 01. 1865, Петербург—05. 12. 1911, Москва), рассоми рус. Писари оҳангсоз А. Н. Серов. Назди И. Е. Репин (дар Париж ва Москва) ва дар Академияи Рассомии Петербург (1880—1885 аз П. П.Чистяков) санъати тасвириро омӯхтааст. Эҷодиёти давраи аввали Серов дар зери таъсири осори Репин ва Чистяков ташаккул ёфтааст. …

Муфассал »

СЕРЕБРЯКОВА Галина Иосифовна

СЕРЕБРЯКОВА  Галина Иосифовна (20. 12. 1905,  30. 06. 1980), нависандаи советии рус. Аъзои КПСС аз соли 1919. Иштирокчии Ҷанги Гражданӣ (1918—1920). Университети давлатии Москваро хатм кардааст (1925). Асарҳояш аз соли 1925 чоп мешаванд. Дар асари сегонаи «Прометей» («Ҷавонии Маркс», китоби 1—2, 1933—1934; тарҷумаи тоҷикӣ 1969; «Рабудани оташ», 1961; тарҷумаи тоҷикӣ …

Муфассал »

СЕРЕБРОВ Александр Александрович

2013_11_12-07-01_004

СЕРЕБРОВ Александр Александрович (таваллудаш 15. 02. 1944, Москва), лётчик-кайҳоннаварди СССР, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (4982). Аъзои КПСС аз соли 1976. Соли 1967 Институти физикаю техникаи Москваро хатм намуд. Солҳои 1967— 1976 дар ҳамин институт бо кори илмӣ машғул буд. Аз соли 1976 дар бюрои конструкторӣ кор мекунад. Дар офариниш ва озмоиши …

Муфассал »

СЕР

СЕР 1) воҳиди ченаки вазн, ки аз асрҳои миёна дар Шарқ (Ҳиндустон, Афғонистон, Эрон, Осиёи Миёна) маъмул аст. Вазни Сер дар ноҳияҳои гуногун мухталиф аст. Дар Бухорои асримиёнагӣ як Сер ба 2,98 кг баробар буд, дертар 3,2 кг-ро ташкил медод. Дар Тоҷикистон ва водии Фарғона низ тақрибан ба 3,2 кг …

Муфассал »