Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СЕРВАНТЕС Сааведра

СЕРВАНТЕС Сааведра

СЕРВАНТЕС Сааведра (Servantes – Saavedra) Мигел де (09. 10. 1547, Алкала-де-Энарес—23. 04. 1616, Мадрид), нависандаи испанӣ. Аз оилаи ҷарроҳ. Университети Алкала-де-Энаресро хатм кардааст. Соли 1571 дар ҷанги баҳрии байни испанҳою туркҳо иштирок карда, аз дасти чапаш маҳрум шуд. Дар бозгашт ба ватан (1575) ба дасти роҳзанҳои баҳрӣ афтода, 5 сол дар Алҷазоир асир буд. Соли 1580 ба Мадрид бозгашта дар тақлиди романҳои рисарӣ асарҳо эҷод кард. Романи «Галатея» (1585), фоҷиаи «Нумансия» ва қариб 30 песа таълиф кардааст, ки рӯҳи баланди ватанпарварона доранд. Сервантес чанд муддат вазифаи боҷғундорро ба ҷо овард. Ӯро дар соҳибӣ кардани пул ноҳақ гунаҳкор карда, 3 бор ба ҳабс гирифтанд. Сервантес дар ҳабсхонаи Севиля ба навиштани «Дон Кихот» шурӯъ кард. Соли 1605 қисми якум ва соли 1615 қисми дуюми роман нашр шуд. Дар роман то андозае ҳаёти хусусии Сервантес авс ёфта, ғояҳои олии инсондӯстӣ тарғиб шудааст. Дон Кихот ва яроқбардори ӯ Санчо Паноса бар зидди бадӣ ва беадолатӣ мубориза бурда, ҳақиқатро ҳимоя мекунанд. «Дон Кихот» ба тоҷикӣ тарҷума шудааст (Сотим Улуғзода, 1975).

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …