Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СЕРЕБРОВ Александр Александрович

СЕРЕБРОВ Александр Александрович

СЕРЕБРОВ Александр Александрович (таваллудаш 15. 02. 1944, Москва), лётчик-кайҳоннаварди СССР, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (4982). Аъзои КПСС аз соли 1976. Соли 1967 Институти физикаю техникаи Москваро хатм намуд. Солҳои 1967— 1976 дар ҳамин институт бо кори илмӣ машғул буд. Аз соли 1976 дар бюрои конструкторӣ кор мекунад. Дар офариниш ва озмоиши аппаратҳои кайҳонӣ иштирок кардааст. 19 августи 1982 ба сифати борти иженери киштии кайҳонии «Союз Т-7» (ҳамроҳи Л. И. Попов ва С. Е. Савиская) ба кайҳон парвоз кард. Киштии кайҳонии «Солюз Т -7» 20 августи 1982 ба комплекси мадории «Салют-7» — «Союз Т-5» васл шуд. Экипажи киштии «Союз Т-7» ба ҳуҷраи стансияи мадории «Салют-7» гузаштанд ва ҳамроҳи экипажи асосии стансияи мадорӣ А. Н. Березовой ва В. В. Лебедев ба иҷрои программаи якҷояи парвоз шурӯъ намуданд. 27 августи 1982 баъди иҷрои программаи парвози якҷоя экипажи «Союз Т-7» бо киштии «Сотоз Т-5». ба Замин баргашт.

  20 апрели 1983 дар киштии кайҳонии «Союз Т-8» (бо В. Г. Титов ва Г. М. Стрекалов) маротибаи дуюм ба кайҳон парвоз кард. Васл кардани киштии кайҳонии «Союз Т-8» ба стансияи мадории «Салют-7» бо баъзе сабабҳои техникӣ бекор карда шуд. 22 апрели 1983 экипажи киштии «Союз Т-8» сиҳату саломат ба Замин баргаштанд. Серебров бо ду ордени Ленин ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …