Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СИНФИ ДЕҲҚОН

СИНФИ ДЕҲҚОН, деҳқонон, қадимтарин ва сершумортарин синфи ҷамъиятист. Пайдоиши Синфи деҳқон ба давраи гузариш аз ҷамоаи ибтидоӣ ба ҷамъияти синфӣ рост меояд. Деҳқонон дар ҷамъияти ғуломдорӣ, феодалӣ, капиталистӣ ва сотсиалист ҳамчун синфи мустақил амал мекунанд. Дар давраи ғуломдорӣ баробари истеҳсолоти ғуломдорӣ хоҷагиҳои хурду калони заминдории деҳқонӣ низ вуҷуд дошт. Синфи …

Муфассал »

СИНУС

 СИНУС (лотинӣ Sinus), яке аз функсиҳои тригонометриро гӯянд; ишораташ sin. Дар секунҷаи росткунҷа нисбати катети муқобили кунҷи тез бар гипотенуза Синуси ҳамин кунҷ номида мешавад. Математикони Ҳиндустон Синусро бо калимаи «ҷива» (тири камон, зеҳи камон), ишорат мекарданд. Арабҳо онро аввал «ҷиба», сонитар «ҷайб» мегуфтагӣ шуданд, ки ба калимаи лотинии sinus …

Муфассал »

СИНТEЗИ ХИМИЯВӢ

СИНТEЗИ ХИМИЯВӢ промесси аз моддаҳои нисбатан содда ҳосил кардани моддаҳои мураккабро гӯягд, ки ба донистани сохти молекулавӣ ва қобилияти реаксияангезии онҳо асос ёфтааст. Одатан пайдарҳамии якчанд просессҳои химиявиро синтез мегӯянд.

Муфассал »

СИНТЕЗИ ТЕРМОЯДРОИИ ИДОРАПАЗИР

СИНТЕЗИ ТЕРМОЯДРОИИ ИДОРАПАЗИР (СТИ), просесси пайвастшавии ду ядрои атомҳои сабукро гӯянд, ки он дар таҳти ҳароратҳои бениҳоят баланд ва дар шароити муайяни идорашаванда ба амал омада, боиси хориҷ гаштани энергияи дохили ядроӣ мегардад. Маълум аст, ки ду ядрои атомӣ дар ҳамон вақт ба ҳамдигар бисёр наздик ё худ пайваст мешаванд, …

Муфассал »

СИНТАКСИС

СИНТАКСИС (юнонӣ syntaxis— сохт, тартиб), наҳв, як боби грамматикаро гӯянд, ки таркиби ҷумла ва хусусиятҳои умумии онро меомӯзад. Дар Синтаксис система ва тарзҳои мухталифи ифодаи фикр омӯхта мешавад. Хелҳои асосии ҷумла ва ибора аз рӯи сохт системаи синтаксисии забонанд. Тартиби калимаҳо дар ибора ва ҷумла, инчунин маъно, вазифа ва муносибати …

Муфассал »