Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СИСТЕМАИ ЭНЕРГЕТИКИИ ОСИЁИ МИËНА

sys-energetikii-os-mi

СИСТЕМАИ ЭНЕРГЕТИКИИ ОСИЁИ МИËНА, системаи муттаҳидаи энергетикии Осиёи Миёна, маҷмӯи системаҳои энергетикии РСС Тоҷикистон (ғайр аз ВАБК), РСС Туркистон, РСС Ӯзбекистон, РСС Қирғизистон ва қисми ҷанубии РСС Қазоқистонро гӯянд, ки аз рӯи реҷаи кор ба як система муттаҳид гардида, идораи диспетчериашон умумӣ мебошад. Ба Система аз республикаи мо шабакаи энергетикии …

Муфассал »

СИСТЕМАИ ЧЕНҲОИ МЕТРӢ

sys-metri

СИСТЕМАИ ЧЕНҲОИ МЕТРӢ, системаи ченҳои даҳи, маҷмӯи бузургиҳои физикист, ки бар бунёди он воҳиди дарозӣ — метр ва воҳиди масса — килограмм қарор гирифтаанд. Системаи ченҳои метрӣ охири асри 19 дар Франсия пайдо шуд. Соли 1875 дар Париж аз тарафи 17 давлат (аз он ҷумла Россия) барои мураккаб сохтан ва …

Муфассал »

СИСТЕМАМ ХОҶАГИИ ҶАҲОНИ КАПИТАЛИЗМ

sys-khojagii-olam

СИСТЕМАМ ХОҶАГИИ ҶАҲОНИ КАПИТАЛИЗМ, маҷмӯи алоқаҳои мутақобилаи иқтисодии байналхалқӣ ва байниҳамдигарии мамлакатҳои ғайрисотсиалистиро гӯянд. Ҳам давлатҳои мутараққии капиталистӣ ва ҳам мамлакатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қафомондаро дар бар мегирад. Ҳукмронии моликияти хусусӣ ба воситаҳои истеҳсолот, муносибатҳои буржуазии тақсимот Ва мубодилот асоси Системароро ташкил медиҳанд. Дар Система муносибатҳои истеҳсолие, ки дар асоси …

Муфассал »

СИСТЕМАИ ХУНГАРД

sys-khungard

СИСТЕМАИ ХУНГАРД, системаи хункашоӣ, маҷмӯи рагҳо ва ковокиҳо (ҷавфҳо)-и организми ҳайвон ва одам, ки дар онҳо хун ё гемолимфа мегардад. Системаи хунгард организмро бо моддаҳои ғизоӣ ва оксиген таъмин мекунад ва маҳсулоти мубодилаи моддаҳоро хориҷ менамояд. Системаи хунгард ду навъ мешавад: сарбаста ва ғайрисарбаста (лакӯнарӣ). Системаи хунгардии сарбаста барои баъзе …

Муфассал »

СИСТЕМАИ СОТСИАЛИСТИИ ХОҶАГӢ

sys-xojagi

СИСТЕМАИ СОТСИАЛИСТИИ ХОҶАГӢ, системаи планист, ки ба моликияти ҷамъиятии воситаҳои истеҳсолот ва меҳнатӣ аз истисмор озод асос ёфтааст. Асоси моддии Системаи сотсиалистии хоҷагӣ истеҳсолоти калони мошинӣ мебошад. Системаи сотсиалистии хоҷагӣ мувофиқи қонуни объективии иқтисодии сотсиализм ба манфиати бештар пурра қонеъ гардонидани талаботи моддию мадании ҷамъият инкишоф меёбад (нигаред Қонуни асосии …

Муфассал »