Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СИСТЕМАИ ҶАҲОНИИ СОТСИАЛИЗМ

socialism

СИСТЕМАИ ҶАҲОНИИ СОТСИАЛИЗМ, иттиҳоди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии давлатҳои озоди соҳибихтиёрест, ки собитқадамона ба сӯи коммунизм пеш мераванд. Пайдоишу инкишофи Системаи ҷаҳонии сотсиализм самараи муҳими объективии ҳаракати байналхалқии коммунистию коргарӣ мебошад. Аввалин давлати сотсиалистии ҷаҳон — СССР дар натиҷаи ғалабаи Ревотсияи Кабири Сотсиалистии Октябр ба вуҷуд омад. Соли 1921 Муғулистон …

Муфассал »

СИСТЕМАИ ҲУҚУҚ

sys-hukuk

СИСТЕМАИ ҲУҚУҚ, таркиби ҳуқуқи амалкунанда, ки алоқаи дохилӣ ва ягонагии нормаҳои ҳуқуқи давлати муайянро ифода намуда, вобаста ба хусусиятҳои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ онро ба соҳа ва муассисаҳои алоҳида тақсим мекунад. Системаи ҳуқуқ ба сохти иқтисодии ҷамъият вобаста мебошад. (Нигаред низ Ҳукуқ, Ҳуқуқи умумӣ, Ҳуқуқи хусусӣ).

Муфассал »

СИСТЕМАИ ҲОЗИМА

sys-hozima

СИСТЕМАИ ҲОЗИМА, дастгоҳи ҳозима, маҷмӯи узвҳои ҳазму гувориши ғизо дар организми ҳайвон ва одам. Системаи ҳозима ҳуҷайра ва бофтаҳои дар организм муттасил вайроншавандаро бо энергияю моддаҳои зарурӣ таъмин намуда, барои барқарор шудани онҳо мусоидат мекунад. Системаи ҳозимаи аксари ҳайвон аз найчае иборат аст, ки ду сӯрохӣ дорад, яке даҳон (барои …

Муфассал »

СИСТЕМАИ ЭНЕРГЕТИКӢ

sys-energetiki

СИСТЕМАИ ЭНЕРГЕТИКӢ, маҷмӯи стансияҳои электриеро гӯянд, ки байни якдигар ва истеъмолкунандагон тавассути хатҳои интиқоли электр (ХИЭ) пайваст шудаанд. Стансияҳои ҳароратӣ, атомӣ ва гидроэлектрӣ, ХИЭ, стансияҳои фаръии электрӣ, шабакаҳои ҳароратӣ ва электрӣ, қабулкунакҳои энергияи ҳароратӣ ва энергияи электрӣ Стстемат элнктрикиро ташкил медиҳанд. Дар масъалаи бо энергия таъмин намудани истеъмолкунандагон Системаи электрткӣ …

Муфассал »

СИСТЕМАИ ҲИСОБИ МАВҚЕӢ

sys-hisob-01

СИСТЕМАИ ҲИСОБИ МАВҚЕӢ, системаи ҳисобу китобест, ки ба принсипи позитсонӣ ё мавқеи қимати рақамҳо асос ёфтааст. Дар Системаи ҳисоби мавқеӣ ҳамон як рақам вобаста ба ҷои ишғолкардааш дар навишти адад қиматҳои гуногунро ифода мекунад. Системаи ҳисоби даҳӣ бо истифодаи аломатҳои 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, …

Муфассал »