Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Сомадева Бҳатта

somadeva

СОМАДЕВА, Сомадевабҳатта (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири ҳинду. Дар нимаи дуюми асри 11 умр ба сар бурдааст. Зодгоҳаш Кашмир. Муаллифи достони мӯҳташами «Катҳасарит-сагара» (Қомуси ривоёт», 1063—83). Сомадева дар танзими ин асар «Бриҳаткатҳа» («Ривояти Кабир»)-и Гунадҳйаро ба асос гирифта буд. Достон 18 қисм, 124 боб ва 21388 байтро дар бар …

Муфассал »

Соми Наримон

shohnoma

СОМ Соми Наримон, яке аз персонажҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, падари Зол, бобои Рустам; аз паҳлавонони Систон, ҳукмдори Бобулистон буд, ки бо даъвати Фаридун ба дарбор омад ва муддате сарварии лашкарро ба ӯҳда дошт. Дар замони ҳукмронии Манучеҳр низ амалиёти ӯ чун паҳлавони ҷангӣ идома кардааст. Дар «Шоҳнома» достони Сом ва корнамоиҳои …

Муфассал »

СОМ

nuh-payombar

СОМ, Сим (аз яҳудии қадим Шем), дар асотири Библия яке аз се писари Нӯҳ, «саромад»-и эламиҳо, ошуриҳо ва дигарон. Номи сомиён низ аз Сом бармеояд.

Муфассал »

СОЛФАТАРҲО

solfatar

СОЛФАТАРҲО (италиявӣ solfatara аз solfo — сулфур). 1) ҷараёни газҳои сулфит ва гидрогенсулфидро гӯянд, ки дар ноҳияҳои вулқондор аз ковокиҳои қишри Замин баромада, ҳарораташон аз 100 то ба 300°С мерасад. 2) Вулқонҳое, ки ҳамин гуна газҳоро оромона ва муддати дароз ҷудо мекунанд. Масалан, вулқони Солфатара дар наздикии Неапол.

Муфассал »

Солшуморӣ

solshumori0

СОЛШУМОРӢ, ҳисобу китоби муддати дарозро гӯянд, ки аз рӯи ягон ҳодисаи даврӣ такроршавандаи осмонӣ (гирдогирди меҳвари худ тоб хӯрдани Замин, дар атрофи Замин чарх задаии Моҳ, ба даври Офтоб гаштани Замин) анҷом мегирад. Дафтари солро, ки дар он ҷадвали рӯз (давомати рӯз, вақти тулӯъ ва ғуруби Офтоб ва ғайра) сабт …

Муфассал »