Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

«СОМӢ ФИ-Л-АСОМӢ»

book-5

«СОМӢ ФИ-Л-АСОМӢ» фарҳанги дузабонаи арабӣ-форсист, ки адиби форс-тоҷик Абулфазл Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Иброҳими Нишопурии Майдонӣ (вафот 1124) соли 1104 таълиф кардааст. Аз муқадима ва чаҳор қисм (ки онҳо дар навбати худ ба бобҳо ва фаслҳо тақсим шудаанд) иборат аст. Дар муқадима муаллиф пас аз баёни сабаби таълифи …

Муфассал »

СОМӢ Шамсуддин ибни Холидбек ибни Дурмиш

unknown_person-11

СОМӢ Шамсуддин ибни Холидбек ибни Дурмиш (1850, Фарошир—1904, Урангуи наздикии Истанбул), луғатнавис, энциклопедист ва нависандаи турк. Дар 11-солагӣ ба гимназия (мадраса) дохил шуда, пас аз хатми он (1871) дар Истанбул зиндагӣ ва эҷод кардааст. Ношири газетаҳои «Сабоҳ» ва «Оила». Солҳои 1880—90 дар хидмати дарбор буд. Муаллифи «Қомуси туркӣ» (ҷилдҳои 1—2, …

Муфассал »

СОМӢ Мирзо Ҷонибеки Бадахшӣ

unknown_person

СОМӢ Мирзо Ҷонибеки Бадахшӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форсизабони Ҳиндустон (асри 17). Падараш аз Осиёи Миёна ба Ҳиндустон рафта буд; Сомӣ дар Кашмир ба дунё омадааст. Дар Деҳлӣ зиндагӣ ва эҷод кардааст, баъзан бо нисбаи «Деҳлавӣ» низ ёд мешавад. Аз осори ӯ абёти пароканда аз қасидаҳо, ғазалҳо ва …

Муфассал »

СОМӢ Мирзо Абдулазими Бӯстонӣ

unknown_person-11

СОМӢ Мирзо Абдулазими Бӯстонӣ (таваллуд 1838, Бухоро — соли вафот номаълум), шоир ва муаррихи тоҷик. Баъд аз хатми мадраса дар хидмати амир Музаффар ва амир Абдулаҳад буд. Ба тақозои хидмат ӯ маҷбур буд, ки дар сафарҳои ҳарбии амирон ҳамроҳӣ кунад. У шоҳиди ҷанги байни Россияи подшоҳӣ ва аморати Бухоро (1868) …

Муфассал »

Деҳаи СОМҒОР

samgar

СОМҒОР, деҳаест дар Совети қишлоқи Нови ноҳияи Нов, вилояти Ленинобод, Территория колхози «Украина». Аз деҳа то маркази Сомғор 4 км, то район 5 км; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 390 наф. (1985), тоҷикон ва узбекҳо. Деҳа мактаби 8- сола, пункти тиббӣ ва магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагиаш пахтакорӣ, боғу токдори, кирмаку чорводорист.

Муфассал »