Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «СОМӢ ФИ-Л-АСОМӢ»

«СОМӢ ФИ-Л-АСОМӢ»

«СОМӢ ФИ-Л-АСОМӢ» фарҳанги дузабонаи арабӣ-форсист, ки адиби форс-тоҷик Абулфазл Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Иброҳими Нишопурии Майдонӣ (вафот 1124) соли 1104 таълиф кардааст. Аз муқадима ва чаҳор қисм (ки онҳо дар навбати худ ба бобҳо ва фаслҳо тақсим шудаанд) иборат аст.

Дар муқадима муаллиф пас аз баёни сабаби таълифи китоб ва зикри номи мамдӯҳаш, фасле оид ба шаклҳои ҷамъбандии арабӣ овардааст. Муқаддима бо сипосгузории Майдонӣ ба устодаш — Абулҳасан Алӣ ибни Аҳмади Фанзгардӣ ва баёни мухтасари мундариҷаи қисмат ва бобҳои «Сомӣ фи-л-асомӣ» ба анҷом расидааст.

Калимаҳои тарҷумашаванда дар қисмҳои «Сомӣ фи-л-асомӣ» аз рӯи мавзӯъ ва қаробати маъноӣ (синонимия) ҷамъоварӣ шудаанд. Ин тариқаи луғатнависӣ дар лексикографияи пешазисломӣ (нигаред «Фарҳанги оим-евак», «Фарҳанги паҳлавӣ») ва араб собиқа дошт.

Қисми якуми фарҳанг аз 5 боб иборат буда, шарҳу тафсири калимаҳои марбути дину шариатро дар бар мегирад. Дар қисмати дуюм ному сифоти мавҷудоти зинда дар 27 боб гирд оварда шудаанд. Дар қисми сеюм, ки аз 5 боб иборат аст, калимаҳои мутааллиқ ба фалакиёт, ҷирмҳои осмонӣ ва ғайра омадаанд. Зимни 6 боби қисми чаҳорум ному сифоти ашёи олами модди — кӯҳу замин, обу хок, рустаниву гиёҳҳои гуногуи тарҷумаву тафсир гардидаанд.

«Сомӣ фи-л-асомӣ» дар Теҳрон (1857, 1967) ва Қоҳира (1967) ба табъ расидааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …