Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СТАНСИЯИ ГИДРОЛОГӢ

station-gidrology

СТАНСИЯИ ГИДРОЛОГӢ, 1) Иншоотест барои омухтани низоми гидрологии дарё, кӯл, баҳр, обанбор, ботлоқ ва пиряхҳо. 2) Маҳаллест дар ягон нуқтаи координатахюяш маълуми баҳр (кӯл), ки дар он аз киштӣ мушоҳидаҳои гидрологӣ — ҳолати баҳр (кӯл)ва обу ҳаво, шаффофи ва ранг, ҳарорат ва таркиби химиявии об дар чуқуриҳои гуногун, инчунин самт …

Муфассал »

СТАНСИЯИ БОТАНИКИИ КӮҲИИ ВАРЗОБ

СТАНСИЯИ БОТАНИКИИ КӮҲИИ ВАРЗОБ, муассисаи тадқиқоти илмиест, ки доир ба масъалаҳои дар хоҷагии халқ истифода бурдани захираи сарватҳои табиати кӯҳсори Тоҷикистон (махсусаи дарахту буттазор) тадқиқоти илмӣ мебарад. Стансияи ботаникии кӯҳии Варзоб дар базаи Академияи Фанҳои СССР соли 1934 таъсис ёфт. Аз соли 1951 тобеи Институти ботаникаи Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети …

Муфассал »

СТАНСИЯИ БИОЛОГИИ ПОМИР

СТАНСИЯИ БИОЛОГИИ ПОМИР, муассисаи илмист, ки доир ба захираи сарватҳои биологии Помир тадқиқоти геоботаникӣ, экологӣ, зоологӣ, селекционӣ, генетикӣ ва физиолюгию биохимиявӣ мебарад. Соли 1938 дар заминаи стациоиари Экспедицияи биологию хоҷагии қишлоқи Университети давлатии Осиёи Миёна таъсис ёфт. Омӯзиши қобилияти ба хушкию хунукӣ тобоварии растаниҳо, рушд, фотосинтез, нафаскашӣ, мизони об ва …

Муфассал »

СТАНСИЯИ АВТОМАТИИ БАЙНИСАЙЁРАВӢ

auto-stancia

СТАНСИЯИ АВТОМАТИИ БАЙНИСАЙЁРАВӢ (САБ), аппарати париши кайҳонист, ки барои парвоз кардан ба ҷисмҳои дигари кайҳонӣ ва омухтани фазои атрофи Моҳу сайёраҳо таъин шудааст. «Луна», «Венера», «Марс» ва «Зонд» (СССР), «Маринер», «Рейнҷер», «Пионер» (ШМА) аз қабили САБ-ҳоанд. Нигаред низ Аппарати париш.

Муфассал »

СТАННИН

stannin

СТАННИН (аз лотинӣ Snannum — қалъагӣ), колчедани қалъагӣ, минералест аз синфи сулфидҳо. Формулаи химиявиаш Сu2ҒеSnS4; дар таркибаш 29,58% Сu, 12,99% Ғе, 27,5% Sn ва 29,8% S, иyчунин омехтаҳои Zn, Sb, Сd, Рd ва Аg дорад. Станнин хокистарранги сабзтоб мебошад. Сахтиаш 4—4,5; зичиаш 4,3—4,5 г/см3; мӯрт, кувваи электрро нағз мегузаронад. Станнинро …

Муфассал »