Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СУБЪЕКТИВИЗМ

subektivism

СУБЪЕКТИВИЗМ, як мавқеи ҷаҳонбиниест, ки қонунҳои объективии табиату ҷамъиятро инкор менамояд. Субъект яке манбаъҳои гносеологии идеализм, бунеди фалсафии ревизионизм ва волюнтариам дар сиёсат аст. Субъект дар фалсафа аз иғроқи мақоли фаъолонаи субъект дар ҷараёни маърифат сар мезанад. Ҷ. Беркли, Д. Юм, И. Т. Фихте намояндагони Субъект буданд. Унсурҳои Субъект ба …

Муфассал »

СУБЪЕКТ

subject

СУБЪЕКТ (аз лотинӣ subjectus — мубтадо, асос) дар фалсафа инсони муҳаққиқ ва тағйирдиҳандаи олами воқеиро гӯянд; ӯ фардест, ки шуур ва ихтиёр дошта, ба фаъолияти бомаром қодир бувад. Ҷиҳати хоси Субъект фаъолиятест, ки ҳадафаш объект мебошад. Материализми диалектикӣ мафҳуми Субъектро дар алоқамандӣ бо (амалия таъбир мекунад. Марксизм моҳияти иҷтимоӣ ва …

Муфассал »

СУБЪ

koran

СУБЪ (арабӣ — ҳафтяк),     1) ҳафтум ҳисса аз чизест; 2) ҳафтум ҳисса аз Қуръон, ки барои тиловати ҳафта муқаррар кардаанд ва онро мунзал низ гӯянд.

Муфассал »

СУБСТРАТ

book-1

СУБСТРАТ (аз лотинӣ substratum — асос), осори забони аслии мардуми маҳаллист, ки дар забони нави онҳо бо сабабҳои гуногуни таърихӣ роҳ ёфтаанд. Масалан, Субстрати келтӣ дар забони франсавӣ, Субстрати дакӣ дар забони руминӣ, Субстрати эронӣ дар баъзе шеваҳои забони ӯзбекӣ. Субстрат натиҷаи дузабонӣ ва таъсири мутақобили онҳост. Дар натиҷаи кӯҳнаву …

Муфассал »

СУБСТРАТ

biology-2

СУБСТРАТ дар биология: а) моддаи химиявие, ки ба он фермент таъсир мекунад; б) ҷисм ё моддаест, ки дар организми зинда (наботот ва ҳайовонот) маскун аст; муҳити доимист барои зиндагӣ ва инкишофи организм (масалан, муҳити ғизо барои микроорганизмҳо).

Муфассал »