Маълумоти охирин
Главная / Илм / СУБЪЕКТИВИЗМ

СУБЪЕКТИВИЗМ

СУБЪЕКТИВИЗМ, як мавқеи ҷаҳонбиниест, ки қонунҳои объективии табиату ҷамъиятро инкор менамояд. Субъект яке манбаъҳои гносеологии идеализм, бунеди фалсафии ревизионизм ва волюнтариам дар сиёсат аст. Субъект дар фалсафа аз иғроқи мақоли фаъолонаи субъект дар ҷараёни маърифат сар мезанад. Ҷ. Беркли, Д. Юм, И. Т. Фихте намояндагони Субъект буданд. Унсурҳои Субъект ба таълимоти фалсафии И. Кант низ хос аст. Субъект яке аз принсипҳои асосии неокантчигӣ, эмпириокритисизм, фалсафаи ҳаёт, прагматизм, неопозитивизм, экзистенсиализм мебошад. Дар таърихи фалсафаи Шарқ низ мушоҳида мешавад. Аксари намояндагони тасаввуф мақоми маърифати ҳадсиро баланд бардошта, кашфу шуҳудро мақсади асосии солик донистаанд. Аз ин рӯ, сӯфиён дар ҷараёни «қавси сууд» такомули рӯҳии инсовро ба маърифати илоҳи баробар пиндошта, ба Субъективизм, ба маърифати қалбии сӯфӣ аҳамияти махсус медиҳанд. Афкори мутасаввифони Шарқ роҷеъ ба ин масъала ҳанӯз мавриди таҳқиқи дурусти илмӣ қарор нагирифтааст, вале Субъективизм ҳамчун мавқеи томи ҷаҳонбинӣ дар эҷодиёти Шаҳобуддини Сӯчравардӣ шакл гирифтааст. Ӯ роҷеъ ба ҳамин масъала дар фалсафаи асрҳои миёна баҳси «исолати моҳият»-ро ба вуҷуд овардааст, ки он моҳиятан манбаи гносеологии идеализми субъективӣ дар Шарқ гардид. «Исолати мосҳият» ба таълимоти «исолати вуҷуд», ки ифодаи объективизм аст, муқобил гузошта шуд.

Фалсафаи марксистӣ Субъективизмро инкор менамояд. Марксизм таълим медиҳад, ки мақоми фаъолонаи субъект дар амалия ва маърифат ба робитаи мутақобилаи субъекту объект вобаста аст.

Ревизионизми «рост» ва «чап» Субъективизмро барои таҳрифи таълимоти марксизм-ленинизм истифода мебаранд.

М. Ҳазратқулов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …