Маълумоти охирин
Главная / Илм / СУБЪЕКТ

СУБЪЕКТ

subject

СУБЪЕКТ (аз лотинӣ subjectus — мубтадо, асос) дар фалсафа инсони муҳаққиқ ва тағйирдиҳандаи олами воқеиро гӯянд; ӯ фардест, ки шуур ва ихтиёр дошта, ба фаъолияти бомаром қодир бувад. Ҷиҳати хоси Субъект фаъолиятест, ки ҳадафаш объект мебошад. Материализми диалектикӣ мафҳуми Субъектро дар алоқамандӣ бо (амалия таъбир мекунад. Марксизм моҳияти иҷтимоӣ ва конкретии таърихии онро ошкор сохта, исбот намуд, ки субъекти ҳаққонии таърих оммаи халқ мебошад. 2) Дар забоншиносӣ истилоҳест, ки мафҳуми грамматикию мантиқӣ васемантикии Субъектро дар бар мегирад. Субъекти грамматикӣ мубтадо аст. 3) Дар ҳуқуқ шахси муайян ё ваколатдорест, ки мувофиқи қонун масъулияту ӯҳдадории ҳуқуқӣ дорад

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …