Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Ҷумҳурии СУДОН

sudon

СУДОН, Респубикаи Демократии Судон давлатест дар шимолу шарқи Африка. Масоҳаташ 2,5 млн нм2. Аҳолиаш 20,6 млн нафар (11983), асосан арабҳо, нубагиҳо ва ғайра. Аз се ду ҳиссаи диндорон мусулмонанд. Забони расмӣ — арабӣ. Пойтахташ шаҳри Хартум. Сардори давлат — президент. Органи олии қонунбарор — Маҷлиси миллии халқӣ. Қисми зиёди мамлакатро …

Муфассал »

СУДОБИҲО

sudobiho

СУДОБИҲО (Rutaceae), як оилаи растаниҳои дупалла. Судобиҳо асосан буттатаву дарахт ва баъзе гиёҳҳоро дар бар мегиранд. Барги содда ё мураккаби хушбӯй, гули дуҷинса ё баъзан якҷинса, ғӯза, ғуҷуммева ва ғайра доранд. Ба Судобиҳо қариб 150 ҷинс (1600 намуд)-и растаниҳо мансубанд. Онҳо дар ноҳияҳои тропикӣ, субтропикива муътадил, хоса дар Африкаи Ҷанубӣ …

Муфассал »

АБУИСҲОҚИ ИСФАРОЙИНӢ

АБУИСҲОҚИ ИСФАРОЙИНӢ Иброҳим ибни Муҳаммад (соли таваллуд номаълум, Исфаройини Хуросон – 1027, Нишопур), мутакаллими ашъария, фа- қеҳи шофеия, тарғиботчии таълимоти ашъария дар Нишопур. Илмҳои замо- нашро дар зодгоҳаш омӯхта, соли 962 ба Бағдод омад ва дар он ҷо таълимоти каломи ашъарияро фаро гирифт. Сипас ба Нишопур баргашта, мадрасаи худро таъсис …

Муфассал »

АБУИСҲОҚИ АТЬИМА

АБУИСҲОҚИ АТЬИМА Ҷалолуддин Ҳаллоҷи Шерозӣ маъруф ба Бусҳоқи Атъима ва Шайхи Атъима (соли таваллуд номаълум – вафот 1423), шоири форс-тоҷик. Тахаллус Атьимаро ба сабаби дар бораи таомҳо шеър гуфтанаш интихоб намудааст. Дар зодгоҳаш – Шероз таҳсил ва зиндагиву эҷод кардааст. Бо касби ҳаллоҷӣ машғул буд. Дар шеъру шоирӣ ис­теъдоди баланд …

Муфассал »

АБУИБРОҲИМ МУНТАСИР

АБУИБРОҲИМ МУНТАСИР, машҳур ба Исмоили Мунтасир (соли таваллуд  но­маълум – қатл 1005, деҳаи Маймурғ ноҳияи Рӯдбори Эрон), охирин амири сомонӣ аз сулолаи Сомониён. Солҳои 1000 – 05 ҳукмронӣ кардааст. Абуиброҳим Мунтасир бародари хурдии ду амири сулолаи Сомониён – Абдулмалик ибни Нӯҳ ва Мансур ибни Нӯҳ аст. Баъди он ки соли …

Муфассал »