Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

АБУЛАББОС Маъмун

АБУЛАББОС Маъмун ибни Маъмуни Хоразмшоҳ (соли таваллуд  номаълум – 1017 Гурганҷ), сеюмин фармонфармои Хоразм аз хонадони Маъмуниён. Баъд аз вафоти бародараш ба тахти салтанат нишаст. Абулаббос сиёсати созишкоронае бо Ғазнаро пеш гирифт ва иртиботаш бо султони Ғазна мустаҳкамтар шуд. Абулаббос дар натиҷаи исёни гуруҳҳои зидди Маҳмуди Ғазнавӣ, ки аз сиё­сати …

Муфассал »

АБУЛАББОС ибни Марвони Сарахсӣ

АБУЛАББОС ибни Марвони Сарахсӣ (820, Марв, Сарахс – 899, Бухоро), олим, мусиқишнноси форс-то­ҷик. Асосҳои илмҳои замонаашро дар зодгоҳаш аз падараш омӯхт. Абулаббос аз овони ҷавонӣ ба омӯхтани илмҳои риёзӣ, шеър ва мусиқӣ машғул шуда, заминаҳои амалӣ ва назариявии мусиқиро аз донандагони мусиқӣ (Алии Бармакӣ, Муҳаммади Мадинӣ) таълим гирифт. Ӯ ба …

Муфассал »

АБУКОМИЛИ МИСРӢ

АБУКОМИЛИ МИСРӢ, Шуҷоъ ибни Аслам ибни Муҳаммад ал- Ҳосиб ал-Мисрӣ (тақрибан 850 – 930), риёзидони маъруфи араб, ки ҳаёт ва фаъолияташ асосан дар шаҳри Қоҳира гузаштааст. Фаъолияти илмии Абукомили Мисрӣ, асосан, ба илми ҳисоб бахшида шудааст ва аз ҳамин сабаб лақаби «ал- Ҳосиб»-ро соҳиб гаштааст. Абукомили Мисрӣ нахустин риёзидонест, ки …

Муфассал »

АБУИСҲОҚИ ҶӮЙБОРӢ

АБУИСҲОҚИ ҶӮЙБОРӢ Ибро­ҳим ибни Муҳаммад (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-точик (асри 10). Доир ба ҷараёни зиндагӣ ва фаъолияти шоирии ӯ дар тазкира ва асарҳои адабию таърихӣ маълумот хеле кам аст. Бино ба маълумоти Муҳаммад Авфии Бухороӣ, («Лубоб-ул-албоб»), вай аз мардуми Ҷӯйбор ном маҳаллаи Бухоро буда, дар замони ҳукмронии …

Муфассал »

АБУИСҲОҚИ КОЗАРУНӢ

АБУИСҲОҚИ КОЗАРУНӢ Ибро­ҳим ибни Шаҳриёр (966, Козарун – 1034, ҳамон ҷо), мутафаккири мутасаввиф, мулаққаб ба Шайхи муршид. Бобояш зардуштӣ буд, падару модараш ба ислом гаравида буданд. Аҳли оилаи Абуисҳоқи Козарунӣ зиндагии фақиронае дошт. Аз хурдсолӣ ба омӯзиши улуми замона пардохта, дар кӯдакӣ Қуръонро аз ёд кард ва дар 15-солагӣ ба …

Муфассал »